Пирӯзии Д. Медведев дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия комилан пешгӯишаванда буд: бо инки нерӯҳои мухолифи давлат ба ин маъракаи сиёсӣ роҳ дода нашуданд ва ҳукумат дар ҷараёни интихобот мудохила кард, натоиҷи дигареро интизор шудан мантиқ надошт – чунин аст мавзӯъи асосии матбуоти ғарбӣ дар ин робита.
Бо ин вуҷуд интихоботи ахири Русия чизеро равшан накард. Аз як сӯ, Медведев сиёсатмадори ҷиддист ва эҳтимол, ба иҷрои нақши ҳокими дурӯғини Кремлин розӣ нашавад. Аз ҷониби дигар, Путин мисли пешин як шахсияти бас муассир дар Русия аст ва ӯ метавонад бо содир шудани ҷузъитар иштибоҳ аз сӯи Медведев, ӯро аз раёсати кишвар дур бикунад, - ҳушдор медиҳанд нашрияҳои ғарб.
«TheNewYorkTimes» менависад, Медведев, вориси Путин, бо касби 69 дар сади ороъ дар интихоботи раисиҷумҳури Русия дастболо шуд. Ҳанӯз шоми якшанбе Медведев пирӯзии худро ҳамроҳ бо Путин дар Майдони Сурхи Маскав, дар консерте ба ифтихори ғолибияташ, таҷлил кард. «Интихоб шудани Медведев ба ҳайси раиси ҷумҳур авҷи талошҳои Путин барои эҷоди маҳдудиятҳо ва таҳти идораи худ нигоҳ доштани ҳукумат, тиҷорат ва расонаҳои хабарии Русия аст, ки ҳанӯз 8 соли қабл шурӯъ шуда буд», - хулосаи мекунад «The New York Times».
Нашрияи фаросавии «Le Nouvel Observateur» менависад, ки интихоботи Русия тибқи одат, бо тақаллубу қонуншиканиҳо сурат гирифт, аммо худи шаҳрвандон аслан аз натоиҷи он қонеъ буданд. Вале, ба эътиқоди ин рӯзнома, андешаи ин ки Медведев минбаъд низ дастнигари Путин боқӣ монда, аз хатти кашидаи ӯ берун намеравад, хатост. «Медведев бозигари зирак дар сиёсати Русия аст, вай олигарх аст, ширкати «Газпром», яке аз сарватҳои аслии Русияро тавонист аз худ бикунад ва шояд бо ҳамин гуна, ба истилоҳ, «оромӣ» худро аз Путин канор бигирад. Ҳоло Русия шоҳиди интихоботҳои сершумор хоҳад шуд», - пешгӯӣ мекунад «Le Nouvel Observateur».
Таҳлилгар Эдвард Лукас дар саҳафоти «The Sunday Telegraph» менависад, низоми сиёсии Русия барои нозирони беруна амалан номафҳум ва норавшан боқӣ мемонад. Ҳама аз қабл медонистанд, ки дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Русия кӣ пирӯз мешавад, аммо касе то ҳол дақиқан намедонад, ин чи маънӣ хоҳад дошт. Ҳоло ҳама танҳо тахмин мезананд, ки Медведев дар асл чи касест, оё вай дар ҳақиқат леберали ғарбгарост ё дастнишондаи собиқ кормандони КГБ-ст, ки мехоҳанд ба низоми кишвар рангубор диҳанд.
Аммо «The Times» дар пешгӯиҳои худ оид ба тақдири раиси ҷумҳури тозаинтихоби Русия мутмаин аст. Ба навиштаи ин нашрия, Дмитрий Медведев бо судури чанд амали ноҷо дар самтгириҳои сиёсияш Русияро мувоҷеҳ ба садама мекунад ва дар натиҷа бештар аз ҳама худаш осеб мебинад: «Медведев интихобкунандаи мустақим надорад, ӯ барои ба ин симмат баргузида шудан бояд аз, ба истилоҳ, «сарпарасташ» - Путин миннатдор шавад.
Ин артиши камбағалон аст. Дар артиши Британия шоҳзода Гаррӣ дар артиш хидмат карда буд. Кадом писар ё духтари президент ё поёнтараш дар артиш ҳамчун сарбоз хидмат кардааст. Баччаҳои онҳо хидмат нокарда рутбаи генералӣ мегиранд, ё тавба.... Генерал бояд хидмати ҳарбиро аз рутбаи сарбози оддӣ сар кна!!!!
БАЪЗЕХО БА ФИКРАМ АЗ НЕСТ ШУДАНИ КОРОНАВИРУС ДАР ГАЗАБАНД. БАЛЕ ДАР ХОЛЕ, КИ ДАР КИШВАРХОИ АВРУПОЙИ АЗ МАВЧИ ЧОРУМ ГАП МЕЗАНАД, АЛБАТТА, КИ НЕСТ ШУДАНИ КОРОНАВИРУС ИН ГАЛАБА ВА РАХМИ БУЗУРГИ АЛЛОХ БАРОИ ИН МИЛЛАТ АСТ, ШОКИР БУДАН ЛОЗИМ. ДИГАР ИН, КИ БАЪДИ СЕВЕРНИЙ КОРЕЯЮ ТУРКМАНИСТОН НЕЮ, ВОКЕИЯТ АСТ, КИ НЕСТ ШУД. НАБОШАД КАНИ ПАНИКАШ, КАНИ НАВБАТХО ДАР АПТЕКАХО ВА ГАЙРА??? НАХОД, КИ ИН КАДАР ИФЛОС БОШЕМ, КИ ХАМИН ЧИЗА НОДИДА ГИРЕМ, ОХИР ПИНХОН, КИ КАРДА НАМЕШАВАД!!!!
Як чизро бояд донист ки ин ярокхо дигар барои тарсонидани мардум аст армияи Дуне чунон пеш рафтааст ки Хатто сарбоз лозим несть. Вакт ки омад мефахмен. Лекин сабаб дар як чост системаи тоталитаризм бояд аз Байн равад. Вакте рафт хама хуб мешавад
Ин созмон Global Fire Power назар дод дар бораи доштаҳои ҷангии кишварҳо, ва инҳоро ҷойҳои якум дувум дод. Агар мо бо меъёри санҷиши ин назар диҳем ончи ин кишварҳо доран аз (пул, силоҳ, ва масрафи пули ва силоҳи) дар ҷои якум меистад. Амрико,Хитой, Арабистони Саъуди, Русия ҳаст. Аммо дар майдони ҷанги воқеъи шумо бубинед инҳо чи ҷойгоҳе доран. Амрико зидди як гуруҳаки ба номи (Толибон, Алқоида) чандсол шуд меҷангад бо ин ҳама таҷҳизоти пешрафта, натиҷа баъди тақрибан бист сол мехоҳад сулҳ кунад. Арабистони Саъудӣ ба муддати панҷ сол бо ин ҳама таҷҳизоти пешрафта ва пулу ва кумаки лоҷестики дигар кишварҳои ғарби ва Амрико натавонист (Ҳувсиҳои Яманро) пируз шавад. Ин назари оқилон ҳаст бо санадҳои воқеъи майдони ва хабарҳои рост. Тоҷик миллати ҷанговар ҳаст. Касе қабул накунад ин мушкили худаш ҳаст зеро у бо худаш миллатро месанҷад. Тоҷикони родиои озодӣ илтимос барои шуҷоати миллат инро чоп кунед.
Аҷаб бесавод буди дия, уко! О раҳмат ба чиликот намебиед ми, а?? О ҳамон клавиатурая азоб нате!