Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миёнҷиҳои байналмилалӣ дар Ереван


Ёвари вазири хориҷаи Амрико Мэтю Бриза дар роҳ ба Арманистон қарор дорад. Ҳадафи сафари ӯ дар пайи хушунатҳое, ки дар Ереван мунҷар ба ҳалокати 8 нафар шуд, ба музокирот ташвиқ кардани давлат ва мухолифини арманист.

Фиристодаи хоси САҲА Ҳейки Талвитти дар ҳамин ҳол дар Ереван гуфтааст, ӯ шонси чунин музокирот ба хотири хатми таниши уфтода байни давлат ва мухолифинро андак мебинад.

Раисиҷумҳури Арманистон Роберт Кочариён дар пайи хушунатҳои пурқурбонии шаби шанбе вазъи фавқулодда ҷорӣ кардааст. Вазъ дар Арманистон дар пайи интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ, ки ба нафъи сарвазири феълиаш Серж Саркисиён анҷомид, ба хушунат печид. Мухолифин натоиҷи интихобот ва пирӯзии Саркисиёнро эътироф накарданд.
XS
SM
MD
LG