Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Минск Козулинро раҳо кардан намехоҳад


Беларус мегӯяд, далели аз зиндон раҳо кардани мухолифи сарсахти давлат Александр Козулинро намебинад. Вазири умури дохилаи Беларус Владимир Наумов ба хабарнигорон гуфтааст, дар қиболи Козулин наметавон аз қонуни афв кор гирифт, чунки ӯ дар зиндон 4 дафъа ҷазои маъмурӣ гирифтааст.

Александр Козулин, рақиби президент Александр Лукашенко дар интихоботи 2 соли пеш, баъди ин маърака бо иттиҳоми ташкили намоишҳои зиддидавлатӣ ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро ҳафтаи гузашта ба хотири ширкат дар маросими дафни ҷанозаи ҳамсараш фақат барои 3 рӯз аз зиндон ҷавоб доданд. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо раҳоии беқайдушарти Козулин аз маҳбасро тақозо доранд.

XS
SM
MD
LG