Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти банохости қурби $ дар саррофиҳои Тоҷикистон


Бонки миллии Тоҷикистон ба хотири расидагӣ ба сабабҳои поин рафтани қурби доллари амрикоӣ дар кишвар кумиссиюни вижа таъсис додааст. Дар ҳоле ки қурби расмии як доллар чизе беш аз 3 сомонию 45 дирам муқаррар шудааст, дар чаҳор рӯзи гузашта дар саррофиҳо он ҳудуди 3 сомонию 35 дирам фурӯхта мешуд. Ин ҳол масъулони биёре аз саррофиҳоро водор ба тавқифи кори нуқтаҳои мубодилаи арз кардааст. Ба эътиқоди иқтисоддонҳо ва мақомоти Бонки миллӣ, уфтухезҳои банохосту ғайриинтизори доллари амрикоӣ ба сатҳи зинадгии мардум ва ба иқтисоди Тоҷикистон беасар нахоҳад монд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки қимати евро – воҳиди пули Аврупо дар Тоҷикистон ба суръат боло меравад. Агар ҳафтае қабл баҳои 1 евро ба 5 сомонию 12 дирам баробар буд, ҳоло он аз марзи 5 сомонию 20 дирам убур кардааст.

XS
SM
MD
LG