Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инқилоби рангин дар Арманистон? (Аксҳо)


"Мо се талаб дорем: лағви натиҷаҳои интихоботи 19-уми феврал, муҷозоти масъулони тақаллуб дар овоздиҳӣ ва раҳоии ҳамаи боздоштшудагони сиёсӣ."

Ин изҳороти Арман Мусинян, сухангӯи довталаби курсии президентӣ Левон Тер-Петросян аст, ки ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ иброз шудааст.

Ҳамзамон бо муттаҳамсозии ҳукумат бо тақаллуб дар интихобот ситоди Тер-Петросян тақозо кардааст, ки вазъи фавқулода фавран лағв гардад.

Ҳукумати Арманистон вазъи фавқулодаро 1-уми март баъди марги ҳашт нафар эълон намуда, тасмим дорад онро то 20-уми март нигаҳ дорад. Дар шароити фавқулода ҷамъомадҳои мардумӣ манъ шуда, расонаҳо дар бораи вазъи кишвар фақат иттилоъи расмиро пахш мекунанд. Бар илова, рафтомади мардум маҳдуд гашта, мақомоти ҳаққи кофтукови мошинҳоро ба даст овардаанд.

Тер-Петросян мегӯяд, ҳадаф аз эълони вазъи фавқулода фалаҷ намудани эътирозҳои мухолифин аз натиҷаҳои интихоботи президентӣ мебошад. Дар шаҳри Ереван аснои сӯҳбат бо рӯзноманигорон Тер-Петросян гуфт, аз даст додани назорати майдон маънии аз даст додани иртибот бо мардумро дорад. Феълан Тер-Петросян дар ҳабси хонагӣ мебошад. Полис хонаи ӯро иҳота намуда, ба ӯ дастур додааст, ки аз хонааш берун нашавад.

Вале мақомот мегӯянд, онҳо ҳаракати Тер-Петросянро маҳдуд накардаанд. Ба қавли полис, ба Тер-Петросян бо сабабҳои амниятӣ машварат додаанд, ки хонаашро тарк накунад.

Тер-Петросян танқиди президенти феълии Арманистон Роберт Кочарян ва президенти мунтахаби ин кишвар Серж Саркисянро идома медиҳад. Тер-Петросян изҳори нигаронӣ кард, ки мақомот имкон намедиҳанд, додгоҳи конститутсионӣ шикояти онҳо аз интихоботро бетарафона арзёбӣ кунад.

Аз сӯи ҳукумат ҳам ягон ишорае аз созиш ба чашм намехӯрад. Раҳбари нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон Сейран Огинян ба эътирозгарон ҳушдор дод, ки манъи ҷамъомадҳоро эҳтиром намоянд. Мақомоти арманӣ мегӯянд, бар зидди 55 эътирозгари боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

То ҳанӯз ҳукумат ва мухолифин масъулияти нооромиҳои ахирро бар дӯши якдигар ҳавола мекунанд. Полис мегӯяд, афсарон маҷбур шуданд, бар зидди тазоҳуркунандагони ғоратгар, ки моли фурӯшгоҳҳои маркази Ереванро ба яғмо бурда, аз автобусҳои мусофирбар сангар месохтанд, иқдом намояд. Вале мухолифин мегӯянд, мақомот ба издиҳоми мардумӣ иғворгаронашонро фиристода буданд ва онҳо масъули хушунат ҳастанд.

Вазорати корҳои хориҷии Арманистон изҳор намуд, ки бархӯрдҳои охири ҳафтаи гузашта ҳаёти ҳафт шахси осоишта ва як афсари полисро аз байн бурдааст. Ба қавли вазорати беҳдошти Арманистон, дар ин ҳаводис 131 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Вале мухолифин мегӯянд, ки шумораи кушташудагон даҳҳо нафарро ташкил медиҳад.

ИМА ва ниҳодҳои аврупоӣ аз ҷонибҳои арманӣ дархост анмудаанд, ки аз хушунат даст кашида, бӯҳронро дар чорчӯби қонун ҳаллу фасл намоянд. Нозирони САҲА дар паи интихоботи президентии Арманистон изҳор намуданд, ки ба ваҷҳи умум ин маърака одилона буд, вале аснои овоздиҳӣ хилофкориҳои ҷиддӣ ҷой доштанд.

XS
SM
MD
LG