Пайвандҳои дастрасӣ

Тақрибан 30 ҳазор тарафдори мухолифин дар шаҳри Ереван тазоҳурот карда, ва хостори лағви натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шуданд.

Ҳамингуна тазоҳуроти мухолифон рӯзи чаҳорум аст, ки идома мекунад.

Бар асоси натиҷаҳои расмӣ, дар интихоботи рӯзи сешанбе нахуствазири Арманистон Серж Саркисян тақрибан 53 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст.

Аммо рақиби нокоми ӯ раиси ҷумҳури собиқи Арманистон Левон Тер Петросян талаб дорад, то интихобот аз нав баргузор шавад, зеро ба гуфтаи вай, тарафдорони фаъоли ӯро латукӯб кардаанд ва интихобот олуда бо таққалубкорӣ сурат гирифтааст.

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯянд, интихоботи президентии Арманистон аксаран тақрибан мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, муовини додситони кулли Арманистон Гагик Ҷангирян барои иштирокаш дар тазоҳуроти мухолифин аз маснадаш сабукдуш шудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG