Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 қурбонии таркиши интиҳорӣ дар Покистон


Дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ, ки ҳамоиши раҳбарони қабилаҳо ва мақомоти маҳаллии Дараи Одамхелро дар шимолу ғарби Покистон ҳадаф қарор медод, 40 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳомиди Афридӣ, раиси хадамоти маҳаллии тиббӣ гуфт, ки аз миёни 100 нафар осебдидаҳои таркиш, ки ба шифохона интиқол ёфтанд, 40 нафарашон фавтида буданд. Ҷирга ё маҷлиси ришсафедони маҳаллӣ ба хотири изҳори пуштибонии раҳбарони қабилаҳо ба ҳукумати Исломобод дар муқобила бо ҷангиёни ошӯбгар ташкил шуда буд.
XS
SM
MD
LG