Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди фаластиниҳо ба хатми музокироти сулҳ


Раҳбарони фаластинӣ таҳдид карданд, ки ҷараёни музокироти сулҳро бо Исроил бо сабаби куштори афзояндаи ғайринизомиҳо дар Ғазза, ки шуморашон ба 30 нафар расидааст, ба ҳам хоҳанд зад. Шумори қурбониҳо дар ҷараёни рӯз афзоиш ёфт бо ин сабаб, ки артиши Исроил бо тонкҳову ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба ҷангиёни фаластинӣ ҳамла карданд. Ин посух ба ҳамлаҳои фаластиниҳо буд, ки ба маҳалҳои яҳудинишини наздикии Ғазза мушак партоб карданд. Аҳмад Қураъй, раиси ҳайати музокиротии Фаластин гуфт, ки раҳбарони Фаластин, бо шумули раиси ҷумҳурӣ Маҳмуди Аббос, машварат доданд, ки ҷараёни музокироти сулҳро дар шаҳри Рамаллоҳ мутаваққиф кунанд. Оқои Қураъй амалиёти исроилиҳоро "қатли ом" ва "куштори ҷамъӣ" номид.
XS
SM
MD
LG