Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои ИМА бо мақомоти туркӣ мулоқот кард


Дар Анкара мулоқоти вазири дифои ИМА Роберт Гейтс бо мақомоти Туркия баргузор шуд. Дар меҳвари гуфтугӯҳо амалиёти артиши Туркия дар шимоли Ироқ зидди шӯришиёни Ҳизби Коргарони Курдистон қарор дошт. Гейтс гуфт, ки аз Туркия хост дар кӯтоҳтарин фурсати ва ҳадди аксар ҳадафмандона ин амалиётро анҷом диҳад. Вай гуфт, ки мақомоти туркӣ зарбулаҷали анҷоми ин амалиётро таъйин накардаанд, танҳо гуфтаанд, ки баробари анҷоми рисолати артиш дар Ироқ ба ватан бархоҳад гашт. Ироқ амалиёти мазкурро, ки рӯзи панҷшанбе шурӯъ шуд, маҳкум кард. Низомиёни Туркия иддао доранд, ки то имрӯз 230 шӯриширо нобуд кардаанд. Мақомоти баландпояи Ҳизби Коргарони Курдистон мегӯяд, ки сарбозони туркӣ 18 ҷангии онҳоро ба ҳалокат расонидаанд. Гуфта мешавад, ки аз оғози муборизаҳои Ҳизби Коргарони Курдистон дар соли 1980 барои дастёбӣ ба истиқлолияти манотиқи ҷанубушарқи Туркия, 32 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ин ҳизбро чун як ташаккули террористӣ арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG