Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се рӯзи озодӣ аз маҳбас ба хотири ҷанозаи ҳамсар


Александр Казюлинро дар чунон шароити махфӣ аз зиндон берун оварданд, ки ҳатто гурӯҳи хабарнигороне, ки дар беруни маҳбас ҷамъ шуда буданд, аз раҳо шудани вай хабар наёфтанд.

Баробари расиданаш ба манзил ӯро ду духтараш, дӯстону пуштибонон, ҳаммаслакону хабарнигорон иҳота карда буданд. Вай пайваста телефонӣ сӯҳбат мекарду ба хабарнигорон интервю медод. Дар меҳмонхонаи манзилаш рӯи миз дар атрофи шамъҳои чароғон акси ҳамсари қурбонии саратон шудааш Ирина, ки дар синни 49-солагӣ даргузашт, гузошта шуда буд. Казюлин мегӯяд, баробари паҳн шудани хабари марги ҳамсараш ба зиндон номаҳои зиёд аз дӯстону тарафдоронаш ва ғолибан аз хориҷи кишвар расид:

"Аммо номаҳое, ки ман аз беларусҳо дарёфт мекунам, ҳамчунон зиёд аст. Рӯзона ман то 40 мактуб дастрас мекардам. Медонед, онҳое, ки нома менависанд, дар бораи эҳсосоти бисёр амиқи худ, дар бораи он чи ки дилҳои онҳоро рӯшан мекунад менависанд, ва ин як умеде медиҳад, ки мардум ба дарки вазъи воқеии ҷомеаи худ оғоз мекунанд ва дар андешаи ин ҳастанд, ки чӣ бояд кард, то ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавем".

Казюлинро дар мошини "Жигули"-и раиси зиндон Витал Агнистиков ба манзил расониданд. Ин ҳамон шахсест, ки рӯзе пеш аз ин иҷоза надод, ки Казюлин тибқи қонуни ҷиноии Беларус барои ширкат дар маросими дафни ҳамсараш аз зиндон барои муваққат раҳо шавад. Вай гуфт, ки ӯ қоидаи зиндонро вайрон кардааст ва барои ҳамин наметавонад аз ин ҳаққи худ истифода кунад.Аммо баъдан вай иҷозатномаи берунрафти Казюлинро имзо кард.

Ин дар ҳолест, ки ду духтари раҳбари мухолифини Беларус - Волҳаву Юлия дар муроҷиат ба мақомоти кишвар тақозои озод шудани ӯро ба хотири ширкат дар маросими дафн карда буданд. Бо талаби раҳоии вай инчунин ҳудудан ҳазор нафар дар майдони Октябри Минск шамъҳои фурӯзон дар даст раҳпаймоӣ карданд.

Аз Казюлин пурсиданд, хабари марги ҳамсарашро дар зиндон чӣ гуна дарёфт. Вай гуфт, рӯзи якшанбе Агнистиков ӯро ба утоқи кории худ хонд ва як номаро нишон дод. Рӯзе пеш аз марги ҳамсараш Казюлин дархост карда буд, ки ӯро иҷоза диҳанд ба хона занг зада аҳволи ҳамсарашро пурсон шавад, аммо мақомоти зиндон бо баҳонаи ин ки телефон пайдо намешавад, ба ӯ чунин имкониятро надоданд. Вай гуфт, ки хабари марги азизаш ӯро такон дод. Вай мегӯяд: "То он лаҳза ман худро нигоҳ медоштам, ба хотири бемор будани вай, аммо акнун ҳама чиз тағйир меёбад. Ман роҳи бозгашт надорам".

Вай дафъатан эълони гуруснанишинӣ кард ва гуфт, ки муқаррароти зиндонро бойкот мекунад. Дар як номаи чаҳорсаҳифагӣ ба мақомоти зиндон ва кишвар вай дар бораи эълони гуруснанишинӣ карданаш, дар бораи нигаҳдошти ғайриқонунии худ дар зиндон ва зарурати ширкат дар ҷанозаи ҳамсараш менависад.

Казюлин мегӯяд, мутмаин аст, ки бемории ҳамсарашро фишорҳои афзояндаи мақомот болои ӯ шиддат бахшид. Казюлинро барои танқидҳои сахташ аз сиёсати раисҷумҳур Лукашенко баъди интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2006 ба мӯҳлати панҷу ним сол ба зиндон андохтанд. Вай мегӯяд, ҳамон рӯзе, ки ба зиндон андохта шуд, вазъи сиҳҳатии Ирина бадтар шудан гирифт ва ҷисми вай тавони муқовимат карданро аз даст дод. Вай афзуд, Лукашенко аз марзии ҳамсараш огоҳ буд ва боре ба вай пешниҳод кард, ки метавонад аз зиндон раҳо шавад ба шарте, ки ӯву ҳамсараш қаламрави Беларусро тарк кунанд. "Агар ман мехостам, бароям як миллион доллар медоданд, то ки ман аз ин ҷо биравам", мегӯяд вай. Аммо онҳо ин пешниҳодро рад карданд, ҳарчанд баҳои чунин тасмим барои ҳардуи онҳо хеле гарон омад.

Аммо Казюлин мегӯяд, ки муборизаи вай идома хоҳад кард, бо ҳар баҳое ки набошад: "Бояд бераҳмона мубориза барем. Ва то охирин нафас бояд бовар дошта бошем, ки офтоби пурнур ҳатман намоён хоҳад шуд. Ҳамааш хуб мешавад. Ҳамсари ман рӯзи 23 феврал даргузашт. Як зан дар рӯзи муҳофизати Ватан нишон дод, ки вай ҳимоягари асоситарини кишвараш аст. Агар зан муҳофиз шавад, пас мардҳо куҷоянд? Фурсати он расид, ки мардҳо ҳам фикр кунанд".

Маросими хоксупории хонум Ирина рӯзи 27 феврал дар Минск дар назар гирифта шудааст.

Назири ҳодиса дар Тоҷикистон

Хабари раҳоии муваққати раҳбари мухолифини Беларус дар Тоҷикистон ҳам шунида шуд ва баъзе нафарон роҷеъ ба таҷрибаи иҷозаи ширкати як зиндонӣ дар маросими дафни хешу ақрабои наздикаш дар Тоҷикистон суол карданд. Сиёсатмадор ва ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, қонунҳои кишвар чунин истисноро барои зиндониҳо пешбинӣ намекунад ва дар мисоли сарнавишти як маҳбусе, ки парвандаи ӯро чун сиёсӣ арзёбӣ мекунанд, вай гуфт:

"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми ҳуқуқии маҳбусонро ба танзим медарорад, ҳамингуна имтиёзро пешбинӣ накардааст. Ва агар мо ба таҷрибаи давлатдории солҳои охири тоҷик мутаваҷҷеҳ шавем, пас ҳамин гуна ҳодисаҳоро дидан мумкин буд. Вақте ки зани раиси собиқи вилояти Ленинобод Абдуҷалил Ҳомидов даргузашт, вай дар маҳбас буд. Вай ҳамингуна тавассути вакилон ва шахсан худаш ба раҳбарияти боздоштгоҳ муроҷиат кард, ки вайро иҷозаи ширкат дар маросими дафни ҳамсарашро диҳанд, аммо ба вай чунин иҷозатро надоданд".

Оқои Шокирҷон Ҳакимов афзуд, ки новобаста ба шароити зиндон - яъне боздоштгоҳи муваққатӣ ва ё маҳбас будани он дар сурати сиёсӣ арзёбӣ шудани ҷиноёти нафари боздоштшуда ба ӯ иҷозаи ширкат дар маросими дафни азизонаш дода намешавад. Аммо ин банди қонун, ба андешаи сиёсатмадори тоҷик, ғайрибашарӣ ва муғоир бо тааҳҳудоти байналмилалии Тоҷикистон дар самти риояи ҳуқуқи башар мебошад.

Аммо ҳоло, Александр Казюлин баъди анҷоми мӯҳлати серӯзаи раҳоиаш аз зиндон бояд дубора ба зиндон баргардад.

XS
SM
MD
LG