Рӯзи панҷшанбе дар ҳоле ки ҳазорон нафар аз тарафдорони оппозисюн дар берун намоиши эътирозӣ бапо карда буданд, дар минбари порлумони Беларус Лукашенко чунин мегуфт:
"Халқи Беларус аз таҷрибаи худ медонад, ки инқилобро қатъи назар аз ранги он фақат нирӯҳои сиёҳ барпо мекунанд. Маҳз ба ин хотир он аз сиёсти ислоҳоти тадриҷӣ ва тазминҳои маҳками иҷтимоӣ пуштибонӣ мекунад."
Дар ин байн сафири Иёлоти Муттаҳида дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо изҳороте нашр кард, ки дар он аз таҳдиду тарсдиҳии рӯзафзун ба зидди созмонҳои ғайридавлатӣ, чеҳраҳои сиёсии мухолифи давлат ва гурӯҳҳои шаҳрвандии Беларус изҳори ташвиш шудааст. Сухангӯи Иёлоти Муттаҳида Брюс Коннак мақомоти ин кишварро айбдор кард, ки мехоҳанд, бо сохтани дасисаҳои иғвоомез таъқибу фишорро қонунӣ ҷилва диҳанд. Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мегӯяд, вазъи маъракаи интихоботӣ дар Беларус ҷиддан бадтар мешавад. Ва сухангӯи Кумисюни Аврупо, Кристина Нейгӣ аз мақомоти Беларус даъват кард, баробарии ҳамаи номзадҳоро дар маъаркаҳои интихоботӣ таъмин кунанд: "Агар интихобот бо шеваҳои демократӣ ҷараён наёбад, мо омода хоҳем буд, дар муқобили афроди масъул аз таҳримҳо кор бигирем."
Коршиносон дар мавриди он ки оё интихоботи президентии 19-уми марти Беларус бо инқилоби ранга поён хоҳад ёфт ё на, посухи рӯшан намедиҳанд, ҳарчанд эҳтимоли ҳама гуна таҳаввулотро рад низ намекунанд. Аммо номзади ягонаи мухолифон Александр Милинкевич ба хабарнигори Интенешнл Ҳералд трибюн гуфтааст, дар интихоботе ки ройҳои он шумурда нахоҳанд шуд, пирӯз омадан муҳол аст. Аз ин рӯ мо дар марҳилаи феълӣ на барои пирӯзӣ дар интихоботи дурӯғин, балки барои пирӯзӣ дар зеҳну дили мардум мубориза мекунем.

Дар мазҳабатон зулм ба ин халқ гуноҳ нест? Ё ин, ки фақат ҳарфи шумо ҳарфи ҳисоб аст? Аз оҳи дили мардуми бечора битарсед, Нафрини ҳамин халқ худаш авҷи азоб аст.
Буз дар ғами ҷону қасоб дар ғами чарбу. Дар Афғонистон 5400 толиб озод шуду 3035 ғайринизомӣ кушта ва 5758 нафар захмӣ шуд. Вале хориҷиён қурбонӣ надоштанд. Тавофуқи аҷиб...
Хукуматдорон хаел мекунан хар кадаре хоханд дуруг ва ноадолати мекунанд. Вале намедонанд, ки Худо онхоро назорат кардаистодааст ва хар кадаре бештар имконият ислох шудан медихад. Аммо ин хукуматдорон, чое ки дуруг хаст, рост намегуян.
Эрон батар аз Исроил аст.....?
Хизмат ба Ватан камоли мардист. Гуфтахои шумо буйи ватанбадбини мекунад.