Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон рафтори полисро муҳокима мекунад


Шӯрои амнияти миллии Сербистон имрӯз барои баррасии сабабҳои амалкарди полис ташкили ҷаласа мекунад, ки барои нагирифтани пеши роҳи ҳамлаҳо болои сафорати ИМА дар Белград дар ҷараёни тазоҳуроти мардумӣ айбдор мешавад. Ҳафтаи гузашта издиҳоми мардуме, ки аз эълони истиқлолияти Косово ва барасмият шинохта шудани он аз ҷониби давлатҳои ғарбӣ эътироз мекарданд, ба сохтмони сафорати Амрико ҳамла карданд. Дар ҳодисаи оташзании сафорат як тазоҳургар ба ҳалокат расида а ҳудудан 130 тани дигар ҷароҳатҳо бардоштанд. Дар канори сафорати ИМА, он шаб сафоратхонаҳои Хорватия, Белгия, Бритониё ва Олмон ҳам мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG