Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи президенти Беларус муваққатан озод шуд


Александр Казулин мухолифи асосии президенти Беларус Александр Лукашенко барои ширкат дар маросими дафни ҳамсараш муваққатан аз маҳбас раҳо шуд. Казулин бо тақозои иҷозати ширкат дар маросими дафни ҳамсараш Ирина, ки рӯзи шанбе ба ҳалокат расидааст, гурунанишинӣ эълон карда буд. Тибқи гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ Казулин се рӯз дар озодӣ хоҳад буд. Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА аз мақомоти Беларус талаб карда буданд, ки Казулинро барои ширкат дар маросими хоксупории ҳамсараш озод кунанд.
Соли 2006-ум бо ҷурми ташкили гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба пирӯзии Александр Лукашенко дар интихоботи президентӣ Казулин ба муддати панҷу ним сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
XS
SM
MD
LG