Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанозаи Патаркатсашвилиро ба Гурҷистон мебаранд


Ҷанозаи Бадрӣ Патаркатсашвили, раҳбари мухолифини гурҷӣ, ки рӯзи 13 феврал дар Лондон даргузашт, рӯзи панҷшанеб, 28 феврал дар ватанаш – Тифлис ба хок супурда хоҳад шуд. Бо ин ҳол, таҳқиқи қазияи марги ӯ дар Бритониё ҳанӯз идома дорад. Худи Патаркатсашвили мегуфт, аз эҳтимоли сӯъиқасд ба ҷони худ метарсад. Аммо пулиси Бритониё бар асоси пажӯҳиши аввалия гуфтааст, далоиле дар даст нест, ки ин сармоядори 52-солаи гурҷиро кушта бошанд. Вале натоиҷи ниҳоии ташхиси сабаби марги ӯ, қарор аст, дар зарфи 10 ҳафта маълум шавад.

XS
SM
MD
LG