Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сингапур - мизбони Олимпиадаи ҷавонон дар соли 2010


Сингапур нахустин бозиҳои олимпии ҷавононро дар соли 2010 мизбонӣ хоҳад кард. Ин шаҳри осиёӣ тавонист, Московро, ки хостори мизбонии Бозиҳои Олимпии Ҷавонон буд, дар озмун шикаст диҳад.

Дар ин бозиҳо, севуним ҳазор нафар варзишгарони аз 14 то 18 сола ширкат хоҳанд варзид ва Бозиҳои Олимпии Ҷавононро ҷалби бештари насли наврас ба варзиш хондаанд. Бозиҳои зимистонаи олимпии ҷавонон соли 2012 баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG