Сарвазири Русия Виктор Зубков баъди мулоқот бо сарвазири Украина Юлия Тимошенко дар шаҳри Маскав гуфт, баҳси қарзи гази табиӣ бо Киев ба поён расидааст. Ҳафтаи гузашта президенти Украина Виктор Юшенко ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар мавриди бозгардони қарзи Украина ба ширкати Газроми Русия ба мувофиқат расиданд. Қабл аз он Газпром таҳдид карда буд, ки содироти гази табиӣ ба Украинаро коҳиш медиҳад.
Ҳоло Юшенко мегӯяд, Тимошенко мувофиқати ӯ бо Путинро нодида гирифта, фақат бахше аз 1,5 миллиард доллар қарзи Украинаро баргардонидааст.