Вук Еремич-вазири хориҷаи Сербистон мехоҳад даъвои кишварашро дар мавриди Косово дар Страсбург дар кумитаи умури хориҷаи порламони Аврупо матраҳ кунад. Рузи сешанбе Ҳовиер Солана-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Приштина қавл дод, ки ин иттиҳодия ҳимояти худ аз Косоворо идома медиҳад. Вале кишварҳои узви ин иттиҳодия барои шинохти Косово мавзеъгирии яксон надоранд.