Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон сафиронашро бозмехонад


Сербистон он сафиронашро, ки дар кишварҳои эътирофкардаи истиқлолияти Косово амал мекунанд, дубора ба кишвар бозмехонад. Вазорати хориҷаи Сербистон гуфт, ки дипломатҳои онҳо аз Вашингтон, Лондон, Париж ва Анкара бармегарданд, чунки мақомоти кишварҳои онҳо (ИМА, Бритониё, Фаронса ва Туркия) изҳори омодагӣ карданд, ки сафирони худро ба пойтахти Косово - Приштина ирсол хоҳанд кард. Дар нишасти ахири Шӯрои амнияти СММ раиси ҷумҳурии Сербистон Борис Тадич эъломи истиқлолияти Косоворо чун амали поймолкунандаи қонунҳои байналмилалӣ маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG