Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Медведев доир ба ояндаи сиёсиаш


Дмитрий Медведев номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Русия мегӯяд, дар сурати пирӯзиаш дар интихобот ӯ Русияро идора хоҳад кард, на Владимир Путин. Дар мусоҳибае бо маҷаллаии русии “Итоги” Дмитрий Медведев гуфтааст, ки ӯ нигарон нест, ҳузури Владимир Путин дар ҳукумати ӯ сабаби ихтилофот дар дохили ҳукумат мешавад. Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтааст, ки дар сурати пирӯзии Дмитрий Медведев дар интихобот ҳозир аст, нахуствзири кишвараш бошад. Интизор меравад, ки Дмитрий Медведев дар интихоботи рӯзи дуввуми марти раёсати ҷумҳури Русия пирӯз шавад.

XS
SM
MD
LG