Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дигарбора ба марзи Бадахшони Тоҷикистон наздик шудаанд


Толибон дар гузашта борҳо чанд ноҳияи наздик ба марзи Тоҷикистонро ишғол кардаанд.
Толибон дар гузашта борҳо чанд ноҳияи наздик ба марзи Тоҷикистонро ишғол кардаанд.

Толибон дар Афғонистон қароргоҳи ноҳияи Юмгон, яке аз ноҳияҳои вилояти Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистонро ишғол кардаанд. Аз ин пештар дар рӯзи 28-уми март Саноҳулло Рӯҳонӣ, сухангӯи пулиси Бадахшон ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бадахшон гуфт, ҷанг дар дохили ноҳия идома дорад ва мумкин аст, Толибон маркази ноҳияро бигиранд.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, Толибон 30 сарбози артиши миллиро ба асорат гирифтаанд ва сарнавишти онҳо маълум нест. Аммо ҷангҷӯёни Толиб на танҳо ин ноҳияи наздик ба Тоҷикистонро ишғол кардаанд, балки ҳамлаву амалиётро дар дигар минтақаҳои Бадахшон афзоиш додаанд. Юмгон тақрибан 70 километр дур аз сарҳади Тоҷикистон аст, вале коршиносон мегӯянд, бо ишғоли ин ноҳия, Толибон мумкин аст, ба самти Вардуҷ ҳаракат кунанд, ки ба сарҳади Тоҷикистон наздиктар аст.

Вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо Вилояти Худмухтори Бадахшони Тоҷикистон аст ва нооромӣ дар манотиқи сарҳадӣ ҳамвора ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур кардааст, чораҳои амниятиро дар ин гӯшаи кӯҳистонии кишвар тақвият бахшад. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар бораи ишғоли Юмгон изҳори назар накардаанд, вале дар гузашта гуфтаанд, ки барои посбонии марзи ду кишвар нерӯву қудрати кофӣ доранд.

Абдулло Ноҷӣ Назарӣ, як узви Шӯрои вилояти Бадахшон рӯзи 28-уми март ба Неъматулло Аҳмадӣ хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин вилоят гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои пайиҳами Толибон чанд посгоҳи амниятӣ дар ноҳияи Ҷерм суқут кард ва маркази ноҳияи Юмгон ба дасти ҷангҷӯён афтод.

Ӯ афзуд: “Толибон аз чанд рӯз ба ин тараф тамоми қувваҳои худро дар манотиқи Обихустак ҷой ба ҷой карда буданд ва баъд аз чанд шаб ҷанг мутаасифона имрӯз дар Обихустак, қарияи Сина ва Оби роғак суқут карданд. Нерӯҳои мо ақибнишинӣ карданд ва мутаасифона маркази Юмгон ҳам суқут кард ва ҷанг дар атрофи ноҳия байни нерӯҳои амниятӣ ва Толибон идома дорад.”

Ақибнишинии тактикӣ ва талафот аз ду тараф

Некмуҳаммад Назарӣ, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷангҷӯёни Толиб шаби 27-уми март ҳамлаҳо ба ноҳияи Ҷермро шиддат бахшиданд ва чаҳор посгоҳи амниятиро ишғол карданд. Ба гуфтаи ӯ: “Нерӯҳои амниятӣ ба шакли тактикӣ ақибнишинӣ карданд, ки талафоти зиёд набинанд ва посгоҳҳоро Толибон гирифтанд.” Айни замон ӯ гуфт, ҷангҷӯёни Толиб зимни даргириҳо талафоти зиёде доданд, вале оморе наовард. Некмуҳаммад Назарӣ афзуд: “Душман талафоти сангине дод, дар байни нерӯҳои амниятӣ ҳам талафот аст. Азбаски дар соҳа ҷанг идома дорад, миқёсу андозаи талафотро гуфта наметавонем.”

Саноҳуллоҳ Рӯҳонӣ сухангӯи пулиси Бадахшон гуфт, ки Толибон баъди ишғоли ду посгоҳи артиши миллӣ ҳама таҷҳизоти посгоҳҳоро бо худ бурдаанд. Ӯ зимни сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: “Сӣ нафар аз ин ду посгоҳ нопадид ҳастанд. Ҳоло маълум нест, ки Толибон онҳоро куштанд, ё билохира инҳо фирор кардаанд.”

Ноҳияи Ҷерм, яке аз ноҳияҳои стротегӣ барои Толибон дар Бадахшон аст ва қисматҳое аз ин ноҳия чандин сол боз зери дасти ҷангҷӯёни ин гурӯҳи ифротӣ қарор дорад. Соли гузашта, сарбозони афғон баъди амалиёти густурдае, бисёре аз манотиқи Ҷермро аз ҳузури Толибон пок карданд. Юмгон ҳам дар гузашта ба дасти Толибон афтода ва баъдан озод шудааст.

Ҷанг баъди сарпечӣ аз музокироти сулҳ

Тасарруфи Юмгону дигар манотиқи Ҷерм баъд аз он сурат мегирад, ки Толибон гуфтанд, бо ҳайати музокиротие, ки ҳукумати Афғонистон муаррифӣ кард, гуфтӯгу нахоҳанд кард. Ҳукумат рӯзи 26-уми март ҳайати 21 нафарии музокиракунанда бо Толибонро муаррифӣ кард, ки раҳбарии онро Маъсум Стоникзай, раиси собиқи Раёсати амнияти миллии Афғонистон бар ӯҳда дорад. Дар ҳайат ҳамчунин сиёсатмадорон, мансабдорони собиқ ва намояндагони ҷомеаи маданӣ шомил ҳастанд. Панҷ нафари ҳайатро занон ташкил медиҳанд.

Муаррифии ҳайат талоше барои хотима додан ба ҷанги 18-сола бо Толибон аст. Бар асоси созиши ин гурӯҳ бо Амрико, ки рӯзи 29-уми феврал дар Қатар имзо шуд, Толибон аҳд додаанд, ки бо ҳукумати Афғонистон доир ба роҳҳои хатми ҷанг гуфтӯгу мекунанд. Дар иваз тамоми нерӯҳои Амрико ва дигар сарбозони хориҷӣ бояд Афғонистонро дар муддати 14 моҳ тарк намоянд.

XS
SM
MD
LG