Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани як ҷангҷӯи тоҷик дар Бадахшони Афғонистон


Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 30-юми август хабар дод, ки як ҷангии тоҷикистонӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ дар ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшон, кушта шудааст. Манбаъ аз ин шаҳрванди Тоҷикистон Фатҳуллоҳ ном бурдааст.

Тибқи ин хабар, ба ҷуз ин шаҳрванди Тоҷикистон боз 10 нафар аз Толибон дар ин ҳамла кушта шудаанд. Ба гуфтаи Вазорати дифои Афғонистон, ҷасадҳои кушташудагон дар майдон боқӣ мондаанд. Ҷониби Толибон то ба ҳол дар мавриди ин хабар вокунише нишон надодааст.

Мақомоти тоҷик ҳам то ба ҳол дар мавриди ин хабар ибрози назар накардаанд. Аммо бархе манобеъ мегӯянд, ки Фатҳуллоҳ аз раҳбарони ҷангҷӯёни тоҷик дар Афғонистон ба шумор мерафт.

Кушта шудани ин ҷангии тоҷик дар вилояти Бадахшон дар ҳоле аст, ки сар аз рӯзи панҷшанбе амалиёти нерӯҳои интизомии афғон барои бозпасгирии ноҳияҳои Юмгон, Ҷурм ва Карон ва Минҷон аз Толибон, оғоз шудааст. Дар вулусволӣ ё ноҳияи Карон ва Минҷон тайи амалиёти рӯзи гузаштаи нерӯҳои амниятии афғон 19 тан аз Толибон кушта ва панҷ нафар ба шумули як фармондеҳи онҳо бо номи Бобоҷон захмӣ шуданд

Ин минтақаҳо аз чанд сол ба ин тараф дар тасарруфи гурӯҳи Толибон мебошанд. Нерӯҳои афғон мегӯянд, ки тасмим доранд ин бор минтақаро аз вуҷуди Толибон пок кунанд. Бархе аз ин вулусволиҳо дар марз бо Покистон ва Чину ва на чандон дурта аз сарҳади қарор доранд ва аз аҳамияти зиёд бархӯрдор мебошанд. Ин минтақаҳо ба хотири доштани маъдани лоҷувард низ дорои аҳамияти зиёд аст.

Тоҷикистон бо вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Кундузи Афғонистон марзи муштарак дорад. Мақомоти марзбонии тоҷик авоили соли ҷорӣ гуфтанд, ки дар ин вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон 16 ҳазору 770 ҷангҷӯ ҳузур доранд, ки 6 ҳазору 370 нафари онҳо хориҷиён ҳастанд ва дар 36 пойгоҳ тамрин мекунанд. Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин ҷангҷӯёнро ба гурӯҳи "Толибон", "Ансоруллоҳ", "Ҳаракати исломии Туркистон шарқӣ" ва "Давлати исломӣ" марбут дониста буд.

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG