Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чехия теъдоди гирифторони КОВИД-19 ба 5033 нафар расид


Дар Чехия пӯшидани ниқоби тиббӣ дар кӯчаву нақлиёт ҳатмист.
Дар Чехия пӯшидани ниқоби тиббӣ дар кӯчаву нақлиёт ҳатмист.

Вазорати тандурустии Чехия мегӯяд, теъдоди мубталоёни бемории КОВИД-19 ба 5033 нафар расидааст ва аз ин миён 91 нафари онҳо фавтидаанд. Беморие, коронавируси нав бармеангезад, то кунун гиребони 181 нафарро сар додааст.

Порлумони Чехия рӯзи 7 - уми апрел бо қабули як қарор вазъи фавқуллодаро, ки рӯзи 11 - уми апрел ба поён мерасид, 19- рӯзи дигар ва то 30 - уми апрел тамдид кард. Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кард, ки қарздорон, аз ҷумла онҳое, ки барои харидани хона қарз гирифтаанд, то 6 моҳ пардохти қарзи моҳонаро ба таъхир андозанд ва бонкҳо ҷаримае ҳам барои таъхир наситонанд.

Ҳукумати Чехия ҳамчунин дар андешаи сабуктар кардани муқаррароти карантин аст ва мехоҳад, баъзе аз мағозаҳо ва муассисаҳое, ки мардуми зиёд онҷо ҷамъ намеоянд, боз карда шавад. Суръати густариши коронавирус дар ин кишвар сусттар шудааст ва талош барои он идома дорад, ки таъсири бӯҳрон ба иқтисод камтар шавад.

XS
SM
MD
LG