Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷовидонро барои саркашӣ аз сарбозӣ ду сол зиндонӣ карданд


Ҷовидон Бобоҷонов. Акс аз пойгоҳи "Форум 18"

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе як пайрави созмони "Шоҳидони Яҳво"-ро бо гуноҳи саркашӣ аз хидмат дар артиши Тоҷикистон ба ду соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми Ҷовидон Бобоҷонови 20-сола рӯзи 2-юми апрел содир шуд. Пайравони созмони насронии "Шоҳидони Яҳво", ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, аз рӯйи ақидаҳои мазҳабӣ наметавонанд либоси ҳарбӣ ба бар кунанд ва ба даст силоҳ гиранд. Аммо розӣ ҳастанд, дар иваз ду сол корҳои волонтёрӣ ё имдодӣ кунанд.

Намояндагони расмии "Шоҳидони Яҳво" гуфтанд, Ҷовидон Бобоҷонов тақрибан шаш моҳ боз дар боздошт аст ва дар ин муддат маъмурони интизомӣ чанд дафъа алайҳи ӯ аз зӯр, аз ҷумла задану тарсондан, истифода кардаанд. Мақомот ба ин нигарониҳо посух надодаанд.

Ба иттилои намояндагони расмии "Шоҳидони Яҳво", волидони Ҷовидон Бобоҷонов барои расидан ба қазияи ӯ чанд дафъа ба дастгоҳи иҷроияи президент ва дафтари омбудсмен низ муроҷиат кардаанд. Мақомот дар ҷавоб гуфтаанд, азбаски дар Тоҷикистн қонуни хидмати алтернативӣ қабул нашудааст, саркашии Бобоҷонов аз сарбозӣ ҷиноят аст.

Дар Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмӣ ҳаст ва ба ҳеч гурӯҳи мазҳабӣ имтиёз дода намешавад. Қонунгузорӣ танҳо ба афроди маъюб, писари танҳо дар оила ва омӯзгорони деҳот барои ҷалб нашудан ба артиш имтиёз додааст.

Намояндагони созмони "Шоҳидони Яҳво" пештар гуфта буданд, ки Ҷовидон Бобоҷонов моҳи октябри соли 2019 ба зӯр ё тариқи "сарбозшикор" аз манзилаш дар шаҳри Хуҷанд "рабуда" ва ба як қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бурда шудааст.

Баъдан, ба нақли онҳо, вақте ки гирифтани силоҳро рад кардааст, ба боздоштгоҳе дар Душанбе интиқол додаанд.

Муфаттиш Меҳрубон Иброҳимзода аз дафтари Додситонии ҳарбии Душанбе ба сомонаи "Форум 18" гуфтааст, Вазорати дифоъ ба Ҷовидон Бобоҷонов пешниҳод кард, то дар баталйони махсус, ки дар онҷо силоҳ намегиранд ва ба корҳои сохтмонӣ машғуланд, хизмат кунад, аммо ӯ напазируфтааст.

Соли 2018 додгоҳе дар Тоҷикистон Даниил Исломов, сокини ноҳияи Фирдавсӣ ва як пайрави Шоҳидони Яҳворо бо гуноҳи саркашӣ аз пӯшидани либоси ҳарбӣ дар артиш ба ним сол ҳабс маҳкум карда буд. Моҳи сентябри соли гузашта пайрави дигари ин равия Шамил Ҳакимов бо айбномаи барангехтани адоват ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум гашгт.

Созмони динии масеҳии Шоҳидони Яҳво соли 1997 фаъолияташро дар Тоҷикистон қонунӣ карда, аз равияҳои фаъоли масеҳӣ шинохта мешуд. Фаъолияти ин созмони насронӣ соли 2007 бо як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт идораи умури динро ба уҳда дошт, мамнӯъ эълон шуд ва додгоҳ низ ин қарорро тасдиқ кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG