Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоли беморон дар беморхонаҳо. Хотираҳои шахсе, ки иштибоҳан COVID-19 ташхис шудааст


Бемористони сироятии Севостопол

Хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ, Антон Меснянко, бо гумони гирифторӣ ба коронавирус ё илтиҳоби шуш ба муддати ду ҳафта дар бемористони сироятии Севастопол бистарӣ карда шуд. Ташхис муайян кард, ки ӯ ин бемориҳоро надорад, аммо бо ин баҳона хабарнигор тавонист, вазъи мубориза бо коронавирусро дар минтақаи ишғолшудаи Қрим аз дохил ва бо чашми худ бубинад. Ӯ вазъро чунин нақл кардааст:

Мавриди аввали гирифторӣ ба коронавирус дар Севастопол дар охири моҳи март сабт шудааст. Аз 1-уми апрел дар шаҳр карантин ҷорӣ карданд. Ин маҳдудиятҳо барои ду ҳафта пешбинӣ шуд, вале баъдан чанд бор дароз шуд. Аз якуми апрел ман ба берун танҳо аз рӯйи зарурат ва ё барои харидани хӯрокворӣ мебаромадам.

Рӯзи 16-уми апрел ногаҳон нороҳатие ҳис кардам. Эҳсоси хастагӣ доштам. Бегоҳ таб кардам ва ин вазъ ду рӯз идома ёфт. Нишонаҳои сармохӯрӣ ё зуком надоштам. Баъд аз истифодаи доруҳои зидди таб чанд соат ҳолатам хуб мешуд, вале пас аз рафтани таъсири он дубора ҳароратам баланд мешуд.

Рӯзи 21-уми май бо таби 40 дараҷа аз хоб хестам. Ба ман тавсия доданд, ки фавран Ёрии таъҷилиро даъват кунам. Ба занги ман пизишке посух дод: "Таби 40-дараҷаӣ чизи одӣ аст ва ҷисми Шумо бо беморӣ мубориза бурда истодааст" ва даъватро қабул накард. Шоми 22 -юми май дигар ягон дору таъсир намекард ва беист месулфидам. Билохира "Ёрии таъҷилӣ" омад ва маро ба шифохона бурданд.

Пас аз пурсуҷӯ маро ба бемористони шаҳрии рақами 8 барои бемориҳои сироятии Севастопол бурданд. Ин бемористон дар шароити пандемия, ба низоми махсуси корӣ гузаронида шудааст ва фақат беморони COVID-19 ё бо аломатҳои ин бемориро қабул мекунад. Ин ба он маъно буд, ки ман ҳам ба феҳрасти беморони "коронавирус" ворид шудам.

Беморхонаи шаҳрии рақами "9" ҳам бо ҳамин низом кор мекунад, аммо дар он дигар беморон қабул мешаванд. Ғайр аз ин, дар Севастопол дар ду расадхона афроде, ки аз минтақаҳои дигари Русия омадаанд ё хориҷиён ва ҳамчунин касоне, ки бо беморони коронавирус тамос доштанд, ба карантин гирифта мешаванд.

Дар қабулгоҳи беморхона то ним соат интизор мондам. Беморони дигар набуданд, аммо ман бояд ҳуҷҷатҳои зиёдеро барои бистарӣ шудан дар бемористон пур мекардам (дастур доданд, ки ман худам ҳама санадҳоро пур кунам). Дар ин муддат ман шоҳиди баҳси фелдшери Ёрии таъҷилӣ бо духтури беморхона шудам. Пизишк аз он ҳайрат мекард, ки фелдшер халати маъмулии тиббӣ ва ниқоби якдафъаина дорад. Тибқи дастур, ба назди беморони шубҳанок ӯ бояд бо чораҳои ҷиддии муҳофизатӣ мерафт.

Фелдшер посух дод, ки бояд ин даъвоҳо ба раҳбари ӯ карда шаванд, чун ба ӯ дар бораи бемор маълумоти пурра надодаанд.

Пас аз дуруст кардани ҳуҷҷатҳо, тақрибан соатҳои дувоздаҳи шаб билохира маро ба шӯъбаи беморони ҳанӯз тасдиқношудаи коронавирус бурданд. Хушбахтона ман дар ҳуҷраи сенафарӣ танҳо будам. Ҳарчанд дар ҳуҷраҳои ҳамсоягии ман ду-сенафарӣ ҷойгир шуда буданд. Дар маҷмӯъ дар ин беморхона 140 бемор бистарӣ аст.

Бинои дуошёнае, ки ман дар он бистарӣ будам, зоҳиран аз замони сохтмон, яъне соли 1952 ягон бор таъмир нашудааст. Оби ошомиданӣ аз қубури зангзада ҷорӣ мешавад ва симҳои барқ берун омадаанд. Плитаҳо ё фарши ҳоҷатхона, аз ҷониби наслҳои зиёди беморон шикаста ва ранг карда шудаанд.

Ҳолати ошхона ҳам табъи одамро хира ва иштиҳоро мегардонд. Албатта на ҳамаи шӯъбаҳои беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ин ҳолати ногувор қарор доранд. Ба иттилои шаҳрдорӣ дар оғози моҳи май як бинои нав барои 42 бемор сохта, ба истифода дода шуд. Дар бинои нав бояд беморҳои вазнин бо ташхиси коронавирусро ҷой кунанд.

Субҳи 23- юми апрел аз ман барои ташхиси COVID-19 хун гирифтанд ва шушамро рентген карданд. Ҳамзамон бароям ду антибиотик (цефтриаксон ва азитромицин) ва доруи зидди вирусӣ "умифеновир" таъин карданд. Дертар ба ман аз Росподребнадзор занг заданд ва дар бораи ин беморӣ муфассал пурсиданд ва рақамҳои телефони ҳамаи онҳоеро, ки то ин лаҳза бо ман тамос доштанд гирифтанд. Баъдан аз ҳамаи онҳо ҳам озмоиши коронавирус гирифта шуд.

Роҳрави бемористон
Роҳрави бемористон

Реҷаи рӯзона дар ин шуъба аз шӯъбаҳои маъмулии бемористон фарқ надорад. Субҳ, доруҳои таъиншударо меоранд, таб ва фишорро месанҷанд. Пас аз наҳорӣ духтур муоина мекунад ва дубора табро месанҷаду дору медиҳад. Дигар тамоми рӯз бемор ба ҳоли худаш гузошта мешавад. Ман чандин соат дар компютер кор мекардам, китоб мехондам ва кино тамошо мекардам. Дар шӯъбаи рақами 1 суръати интернет хеле бад аст ва интернети мобилӣ қариб кор намекунад. Дар натиҷа, беморон аз олами беруна ҷудо мондаанд.

Ба фарқ аз замони "оромӣ" ҳоло дар беморхонаҳо тамоми пизишкону парасторон либоси якхела доранд ва аз сар то пойи онҳо пӯшида асту якеро аз дигарӣ фарқ кардан номумкин шудааст. Ман ба ҳар ҳол бо ҳар яке салом мекардам, эҳтимол дар як рӯз бо як духтур 3-4 маротиба ҳам салом мекардам. Вижагии дигари бемор будан дар ин шароит ин аст, ки ба далели хуруҷи беморӣ, ба аёдати бемор омадани дӯстону наздикон манъ аст.

Наздикон танҳо метавонанд дар як рӯз як маротиба дар соати муайян чизҳои зарурӣ ва хӯрокро тавассути табибон фиристанд. Зимнан дар даромадгоҳи беморхонаи сироятӣ, сарбозон ба таври шабонарӯзӣ меистанд. Онҳо аз касе ҳуҷҷат намепурсанд ва ба вайрон кардани низоми карантин ҳам таваҷҷӯҳ надоранд. Зоҳиран онҳо дар назди ин бино барои эҳтиёт гузошта шудаанд.

Маъмурияти муассисаи тиббӣ тамоми талошро мекунад, ки беморон бо ҳам тамос надошта бошанд. Хӯрок ва дору ба ҳуҷраҳо оварда мешавад ва бемор дар ҳуҷра муоина карда мешаваду ташхис ҳам он ҷо гирифта мешавад. Ба бемор танҳо барои рафтан ба ҳоҷатхона иҷоза дода мешавад. Пас аз оне, ки ташхиси як бемор дар шӯъбаи мо мусбат баромад, беморонро огоҳ карда, дари ҳуҷраҳоро аз берун мебастанд. Ин ҳол то як муддати кӯтоҳ идома кард.

Кормандони тиббӣ ба тозагӣ пурра назорат мекунанд ва бо беморон муносибати хуб доранд. Вале бо сабабҳои маълум, онҳо кӯшиш мекунанд бештар аз шӯъба дур бошанд ва бинобар ин дар ҳолати зарурӣ ёфтан ё даъвати онҳо мушкил аст. Вақте ман хостам аз пизишки худ як машварат пурсам, парасторон гуфтанд, ки метавонам суоламро ба воситаи онҳо ба табиб бирасонам, зеро ба гуфтаи онҳо "барои омадан ба ин ҷо духтур бояд дубора либосашро иваз кунад." Дар ниҳоят табиб аз берун ба назди тирезаи ҳуҷраи ман омад ва ба саволҳоям ҷавоб дод.

Дар рӯзи чаҳорум бо кӯмаки доруҳо дигар таб накардам ва ҳолатам хуб шуд. Натиҷаи тест ҳам омад ва маълум шуд, ки ман гирифтори COVID-19 нашудаам. Ташхиси рентгенӣ ҳам маълум кард, ки ман илтиҳоби шуш надорам. Вале маро аз беморхона ҷавоб надоданд. Тибқи дастур ман бояд дар рӯзи даҳум, такроран ташхис месупоридам ва натиҷаи онро интизор мешудам. Яъне бо вуҷуди он, ки сиҳатиам хуб буд, ман бояд ду ҳафтаи дигар дар беморхона мемондам. Аммо дар миён чандин тағйирот шуд.

Ба гуфтаи табиби ман сардори шӯъба, ки ин масъала ба ӯ вобаста буд ва аз кор рафт, баъдан маълум шуд, ки бемор дар ҳамсоягии ман бемори COVID-19 дорад ва ҳамаи беморони шӯъба новобаста аз натиҷаи озмоиш бояд даҳ рӯзи дигар зери назорат бимонанд.

Рӯзи 28-уми апрел маълум шуд, ки 36 корманди шаҳраки сохтмонӣ дар аэродроми ҳарбии Белбек гирифтори COVID-19 шудаанд. Дар шӯъба овоза паҳн шуд, ки акнун ҳамаи беморон то замони номаълум дар беморхона мемонанд.

Рӯзи 1-уми май муҳлати табобати ман ба охир расид. Худи он рӯз дигарбора аз ман ташхиси коронавирус гирифтанд. Пас аз се рӯз табиб ба ман хабар дод, ки натиҷаи озмоиш хуб аст. Аз сабабе, ки рӯзҳои 4-5-ум таътил буд, тасмим шуд, ки маро танҳо рӯзи 6-ум ҷавоб диҳанд. Аммо ба суоли ман, ки чаро бояд барои ҷавоб додани беморе, ки натиҷаи ташхисаш хуб аст, рӯзи кориро интизор шуд? Духтурон посух дода натавонистанд.

Ман ба раёсати тандурустии ҳукумати Севастопол нома навиштам ва онро ба сартабиби беморхонаи сироятӣ ирсол карданд. Ӯ посух дод, ки агар натиҷаи манфии тест ба корти бемор ворид шуда бошад, дигар ҳоҷате барои мондани ӯ дар беморхона нест. Танҳо бегоҳи 4-уми май маро ба хона ҷавоб доданд.

Дар маҷмӯъ ман 12 рӯз барои табобати як бемории номуайян дар беморхона мондам. Беморие, ки дар ниҳоят "сирояти шадиди роҳи нафас" номаш гузоштанд ва ҳамин тавр бо чашми худ дидам, ки бемороне, ки дар авҷи эпидемияи коронавирус ба беморхона меафтанд чӣ ҳоле хоҳанд дошт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG