Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти муҳоҷирони тоҷик: Фармони Путинро дар бораи патент иҷро намекунанд. ВИДЕО


Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия
Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия

Бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия шикоят доранд, ки маъмурони пулис ва баъзе аз корфармоён аз онҳо пардохти пули патентро талаб доранд. Ин дар ҳолест, ки даҳ рӯз пеш президенти Русия бо судури фармон муҳоҷирони кориро то 15-уми июн аз сабтиноми иқомат (регистратсия) ва пардохти пули патент озод кард.

Вазорати корҳои дохилии Русия, ки умури муҳоҷиратро дар ин кишвар назорат мекунад, низ дар посух ба суоли ҳомиёни ҳуқуқ гуфт, "шаҳрвандони хориҷӣ то 15-уми июн ҳақ доранд, бе патент кор кунанд ва касе онҳоро ҷавобгар намекунад".

Гуруҳе аз муҳоҷирони кории тоҷик рӯзи 27-уми апрел аз шаҳри Екатеринбурги Русия шикоят карданд, ки ​"пулис ҳар касеро, ки муҳлати сабтиноми иқоматаш гузаштааст ва ё пули патентро напардохтааст, дастгир мекунанд". ​

Айни чунин шикоятҳо аз вилоятҳои дигари Русия, аз ҷумла Челябинск, Твер, шаҳри Санкт- Петербург ва ҳатто Маскав, ки зери каратини шадид қарор дорад, ба Радиои Озодӣ расид. Бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, бо талаби корфармо онҳо пули патентро супурданд, чун кордиҳанда таҳдид кардааст, ки агар пули патентро надиҳанд, "аз кор меронад".

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират мегӯянд, фармони президенти Русия содир шудаааст ва дар тамоми қаламрави ин кишвар бояд амал кунад. "Муҳоҷирон бо такя ба ин амр ҳуқуқи худро ҳимоя кунанд", - афзуд як мусоҳиби мо дар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон ҳам мегӯянд, дар ҳар сурат муҳоҷирон набояд барои ин се моҳ пули патент пардозанд, чун қонунан аз пардохти он озоданд.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав ва масъули созмони "Тонг ҷаҳонӣ" мегӯяд, ба ҳар гуна талаби пардохти пули патент муҳоҷирон ҷавоби рад бидиҳанд:

Валентина Чупик
Валентина Чупик

"Пул надиҳанд, тамом! Хусусан вақте кормандони пулис аз муҳоҷирони корӣ пардохти пули патентро талаб мекунанд, ба патент чӣ рабте доранд? Ин талаби онҳо ғайриқонунӣ аст. Чунки амри президент вуҷуд дорад, бар замми ин тавсияҳои методии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ оид ба муҳоҷират ва посухи расмии ин вазорат ба суоли мо дар ин бора ҳаст. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои расмӣ ҳастанд, зерашон имзоҳои электронӣ ва рақами мушаххас доранд".

Хонум Чупик афзуд, ин шабу рӯз ҳатто аз шаҳри Маскав, бо вуҷуди он ки каратин ҷорӣ шудаву гаштугузор бо гузарнома ба роҳ монда шудааст, пулис аз муҳоҷирон ҷо-ҷо патенту санади сабти иқомат мепурсад. Ба пиндори ӯ, бо вуҷуди расман озод шудани муҳоҷирон аз пардохти пули патент, пулис аз мақомоти минтақавӣ дастури ғайрирасмии дигаре гирифтааст.

"Фикр мекунам, дар минтақаҳои Русия ба раёсатҳои муҳоҷират фармони ғайрирасмӣ дода шудааст, ки муҳоҷиронро маҷбур кунанд пули патентро пардозанд. Чунки буҷаи минтақаҳо холӣ аст, мехоҳанд, аз ин роҳ пур кунанд", - иброз дошт ӯ.

Бахтовар Ҷумаев, як фаъоли ҷамъиятӣ ва ҳомии ҳуқуқ дар Русия, мегӯяд, пулис ба хотири надоштани патент ва ё гузаштани муҳлати сандаи сабти номи иқомат ҳақ надорад муҳоҷиронро ҷарима ва ё аз кишвар ихроҷ кунад.

"Аммо аксарияти муҳоҷирон дар ҷое, ки дар санад сабт шудааст, зиндагӣ намекунанд. Пулис гоҳе ҳаминро асос карда, бо баҳонаи вайрон шудани режими карантин муҳоҷиронро ҷарима мекунад. Аз ин рӯ, ба ҳамватанон тавсия медиҳам, дар ин рӯзҳо бе гузарномаи гаштугузор дар Маскав ба кӯча набароянд", - шарҳ дод Ҷумъаев.

Дар Русия бинобар иттилои мақомдорони рус беш аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Аммо мақомоти тоҷик шумораи муҳоҷиронро андаке беш аз 480 ҳазор нафар гуфтанд. Даромади ҳар чорумин хонавода бинобар арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират аст.

Соли гузашта муҳоҷирони корӣ танҳо аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 576 миллион доллар фиристоданд. Аммо ба сабаби густариши коронавирус дар Русия ва карантини муҳоҷирону бисёре аз корхонаҳо, коршиносон тахмин мезананд, ки эҳтимол имсол ҷайби муҳоҷирон холӣ шуда, пули зиёде ба кишвар фиристода натавонанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG