Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД-и Русия шарҳ дод, ки муҳоҷирон барои се моҳ аз супурдани ҳаққи патент озоданд


Муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Санкт-Петербург, Русия, 2 апрел, 2020.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое аз шарҳи ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи фармони президент аз 14 апрел № 274-ро нашр кардаанд, ки мутобиқи он муҳоҷироне, ки дар Русия тибқи патент ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, барои се моҳ, то 15-июн аз пардохти ҳаққи он озоданд.

Ҳуҷҷат барои истифодаи дохилӣ

Санад бо имзои муовини аввали Вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой нашр шудааст. Он барои истифодаи дохилӣ ба сарони ҳама сардорони ВКД, раёсатҳо ва шӯъбаҳои ин вазорат дар Русия, фиристода шудааст.

Дар сархати дувуми саҳфаи дувум гуфта шудааст, ки "дар давраи таъиншуда (аз 15-уми март то 15-уми июни соли 2020. РО) дархост барои тамдиди эътибори иҷозатнома ва патентҳои корӣ, ҳамчунин аз ҷониби шахсони воқеии шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, пешпардохти андоз аз даромад талаб карда намешавад".

Дар санад ҳамчунин ишора шудааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Русия қарор доранду санадҳои иҷоза барои корро надоранд, сарфи назар аз ҳадафи сафар метавонанд бидуни иҷоза ва патент аз 15-уми март то 15 июн ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд.

Аммо дар сомонаи Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар умури муҳоҷират ин тавзеҳот ҳанӯз нашр нашудааст. Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос гирифтан бо телефони боварии ин Сарраёсат натиҷа надод.

Ҳомиёни ҳуқуқ чӣ мегӯянд?

Бегоҳии 20-уми апрел, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов ҳамчунин дар як муроҷиати видеоӣ, ки ба санади ишорашудаи Вазорати корҳои дохилии Русия такя мекард, муҳоҷиронро қаноат дод, ки онҳо барои се моҳ аз пардохти патентпулӣ озоданд.

"Вале 16-уми июн шумо бояд комилан мутобиқ ба қонунгузорӣ бошед, то аз ҳама мушкилоти марбут ба қонунгузорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ихроҷ шудан, дар канор монед. Агар ҳоло шумо шартан патенти Маскав ё Воронежро дореду барои кор ба Волгоград меравед, пас бояд дар охирҳои моҳи май шуморо зарур аст, ки ба фикри санадсозӣ бошед ва дар қайди хадамоти муҳоҷират бошеду патент кунед. Ҳама ниҳодҳое, ки патент медиҳанд кор мекунанд, ҳеҷ гуна таътил вуҷуд надорад. То 15-уми июн онро бояд супурд",-машварат дод Коженов.

Ба гуфтаи Коженов, касоне ҳастанд, ки барои патент пешакӣ пардохт кардаанд ва дар санад дар бораи онҳо чизе гуфта нашудааст ва эҳтимол аст ин мавзуъ баъдтар ба баррасӣ гирифта шавад.

Валентина Чупик, раҳбари созмони ғайритиҷоратии ёрии ба муҳоҷирон "Тонг Жахони", ки дар "Фейсбук" аксҳои санади мазкурро нашр кардааст, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки умедвор аст ин иттилоот дақиқ ва саҳеҳ бошанд.

"Ҳар он чи нашр шудааст, аз санадҳои дохилии ВКД Русия гирифта шудааст. Онҳо ҳар сония метавонанд инро тағйир бидиҳанд, вале ман умедворам, ки онҳо ҳамин гуна амал мекунанд",-гуфт Чупик. Ӯ бо таваҷҷуҳ ба маънии пардохт мегӯяд, ки пули патент барои давраи баъдтар гузаронида шудааст, вале ишора мекунад, ки дар санад дар ин бора мустақиман гуфта нашудааст.

Шубҳаи муҳоҷирон ва итминони сафорат

Пештар муҳоҷирони тоҷик дар муроҷиати худ ба Радиои Озодӣ бори дигар хоста буданд, ки ин масъала дақиқ шавад, то онҳо барои патент пардохт кунанд ё не, зеро барои сари вақт напардохтан, имкон дорад патенти онҳо бекор шавад ва зарурат пеш меояд, ки тамоми расмиётро бори дигар бигузаранд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамчунин дар муроҷиати худ ба шаҳрвандон онҳоро итминон додааст, ки дар давраи се моҳ аз 15-уми март то 15-уми июн зарур нест, санадҳои қайди муҳоҷират (номнависӣ), патент ва иҷозаи корро тамдид кунанд. Сафорат аз шаҳрвандон хоҳиш кард, ки дар ин давра ба ниҳодҳои марбут ба Русия барои тамдиди эътибори санадҳо муроҷиат накунанд ва чизе пардохт нанамоянд.

Бояд гуфт, ки 18-уми апрел президенти Русия Владимир Путин фармоне содир кард, ки масъалаи будубоши хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандиро дар Русия вобаста ба таҳдидҳои паҳншавии коронавируси содда мекунад. Вале дар фармон мустақиман дар мавриди насупурдани ҳаққи патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ гуфта нашудааст, ки баҳсҳои гуногунеро миёни муҳоҷирон ва доираҳои коршиносӣ ба бор овардааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG