Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзандони Ҳотамов орзуҳои падарро амалӣ мекунанд, аммо метарсанд, "мактаб аз байн наравад". ВИДЕО


Абдуфаттоҳ Ҳотамов
Абдуфаттоҳ Ҳотамов

Марги Абдуфаттоҳ Ҳотамов, кимиёдони тоҷик ва бунёдгузори литсейи хусусии "Ҳотам ва ПВ", бисёриҳоро дар кишвар озурда кардааст. Cоҳибназарон мегӯянд, саҳми ӯ дар рушди бахши маориф чашмрас аст ва набуданаш бохте бузург мебошад. Ҳотамов шоми 26-уми апрел бар асари сактаи қалбӣ дар Душанбе даргузашт ва ӯро 27-уми апрел дар зодгоҳаш, деҳаи Чамани ноҳияи Ваҳдат, дафн карданд.

Манзили падарии Абдуфаттоҳ Ҳотамов дар деҳаи Чаман, 50-километрии пойтахти Тоҷикистон, воқеъ аст. Фарзандонаш мегӯянд, ӯ мехост хонаи охираташ дар ҳамон ҷо бошад.

Юсуфбек Ҳотамов, писари калонии Абдуфаттоҳ Ҳотамов гуфт: "Ҳар боре, ки ба зодгоҳ меомаданд, ба зиёрати гузаштагон мерафтанд. Мегуфтанд, оё барои ман ҳам дар ин ҷо маконе пайдо мешуда бошад. Ин худ як навъ васият буд".

Хурсанд Ҳотамов, писари дигари Ҳотамов мегӯяд, падараш дар дил орзуҳои зиёде дошт, ки ҳамакнун онҳо барои амалӣ кардан талош мекунанд. Анҷоми сохтмони бинои литсейи “Ҳотам ва ПВ” ва таъсиси донишкада аз орзуҳои марҳум будааст.

"Падарам орзу доштанд, ки литсей бинои худро дошта бошад, аммо афсӯс, ки умр вафо накард. Ҳоло талош мекунем, ки ақаллан соли таҳсили 2021-ро дар бинои шахсии литсей оғоз кунем. Муҳим литсей боқӣ монад, зеро чанд масъалаи мушкиле вуҷуд дошт", - афзуд Хурсанд Ҳотамов.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Фарзандони Ҳотамов гуфтанд, орзуҳои падарро амалӣ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

Соҳибназарони тоҷик хабари фавти муассиси литсейи “Ҳотам ва ПВ”-ро бо андӯҳ дарёфтанд.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, дар Фейсбук навиштааст, "Абдуфаттоҳ Ҳотамов инсоне буд, ки дар як аср як маротиба ба дунё меояд. Ҷойи ӯ дар фазои таълимии кишвар холӣ мемонад."

Саидакбар Аминов, ҷавоне аз ноҳияи Айниро соли 2008 барои таҳсил ба литсейи "Ҳотам ва ПВ" қабул карданд. Ҳоло ӯ барои шогирдони ин мактаб аз фанни риёзӣ ва информатика дарс мегӯяд.

"Абдуфаттоҳ Ҳотамов аз солҳои қабл мавзӯи роҳандозии таҳсилоти фосилавиро матраҳ мекард. Ба ин манзур вай ҳатто беҳтарин омӯзгорони кишварро дар литсей гирд оварда, омӯзиши ин масъаларо дар миён мегузошт. Шабҳои дароз бо шогирдон нишаста, ба онҳо роҳҳои ҳалли масъалаҳои риёзӣ, физика ва кимиёро меомӯхт. Фавти вай барои маорифи Тоҷикистон бохти бузург аст", - гуфт ӯ.

Ин нуктаро дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Мунира Иноятова, вазири пешини маорифи Тоҷикистон низ таъкид кард. Иноятова гуфт, ҳанӯз дар оғози солҳои 2000-ум Абдуфаттоҳ Ҳотамов дарк карда буд, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон ба тавсеаи фанҳои дақиқ бастагӣ дорад:

"Абдуфаттоҳ Ҳотамов ҳанӯз солҳо қабл зарурати таълими ҷиддии фанҳои дақиқро дарк карда, аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ҷавонони болаёқатро ба литсейи худ даъват мекард. Ҳоло ҳама дар фикри таҳсилоти фосилавӣ аст, аммо ӯ тақрибан даҳ сол пеш сари ин мавзӯъ андеша мекард. Воқеан устоди нотакрор дар Тоҷикистон буд".

Литсейи "Ҳотам ва ПВ" соли 2003 аз сӯйи Абдуфаттоҳ Ҳотамов ва як шарикаш бо номи Павел Василевич таъсис шудааст.

Мунира Иноятова
Мунира Иноятова

Хонандагони ин литсей асосан ба омӯзиши фанҳои дақиқ фаро гирифта мешаванд. Дар солҳои фаъолияти литсей, шогирдони он ҳамвора дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ҷойҳои намоёнро касб кардаанд. Бархе аз шогирдони он барои кор ба ширкатҳои бузурге чун Гугл пазируфта шуда, баъзеи дигар дар хориҷа машғули пажӯҳишанд.

Абдуфаттоҳ Ҳотамов 7-уми марти соли 1951 дар деҳаи Чамани шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии шаҳри он замон Ленинград буд.

Солҳои 80-уми асри гузашта аз шумори равшанфикрони тоҷик буд, ки аз истиқлоли миллӣ ва рушди забони тоҷикӣ мегуфт. Аз аъзои нахустини Ҳизби демократи Тоҷикистон буд. Соли 2001 як муддат нашрияи "Озодӣ ва инкишоф"-ро нашр кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG