Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳрубон Тӯраев. Тоҷике, ки ба кор дар Google даъват шуд. ВИДЕО


Меҳрубон Тӯраев

Як барномасози ҷавони тоҷик бо гузаштани шаш давраи санҷиш расман ба кор дар ширкати Google – бузургтарин торнамои ҷустуҷӯии Интернет – қабул шудааст. Меҳрубон Тӯраеви 22-сола хатмкардаи гимназияи "Ҳотам ПВ" ва Донишгоҳи фанновариҳои иттилоотии Санкт-Петербург аст ва моҳи ноябри имсол бояд ба Лондон равад.

Ширкати Google ба ин ҷавони тоҷик чаҳор сол пеш дар як озмуни байналмилалӣ таваҷҷуҳ карда буд. Он вақт Меҳрубон Тӯраев аз миёни 15 ҳазор иштирокдори озмун ба қатори 1000 барномасози беҳтарин ворид гардид. Вай, ки бояд мактаби миёнаро хатм мекард, тасмим гирифт, аввал таҳсилро дар донишгоҳ идома диҳад ва пас аз хатм ба кор равад.

Меҳрубон Тӯраев имсол Донишгоҳи фанновариҳои нави иттилоотии Санкт-Петербургро ба поён расонд. Вай гуфт, соли гузашта барои таҷрибаомӯзӣ дар ширкати Google дархост фиристода буд ва дар ҷавоб дигарбора пешниҳоди кор гирифт.

"Шояд дар ҳолномаи ман диданд, ки донишгоҳро хатм мекунам, барои ҳамин якбора ба кор даъват карданд", -- гуфт ӯ рӯзи 9-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ҳоло Меҳрубон Тӯраев интизори гирифтани раводид ё визаи корӣ аст. Дарёфти чунин виза осон нест, аммо Меҳрубон Тӯраев бовар дорад, ки дархосташ рад нахоҳад шуд.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:

Тоҷике дар Гугл: "Ба либос не, балки дониш таваҷҷӯҳ кунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Барои қабул ба кор аз ӯ дар Лондон, дар ширкати Гугл, дар як рӯз шаш имтиҳон гирифтаанд. Меҳрубон Тӯраев мегӯяд, дар озмунҳои зиёд иштирок карда, дар ин чанд соли ахир дар ширкатҳои маъруфе чун "Яндекс", "Амазон", "ВКонтакте" таҷрибаомӯзӣ кардааст, санҷишу суолҳо дар ширкати Гугл барояш мушкил набуд. Ба ҷуз як супориш.

"Як супориш ин буд, ки бояд системаи бузурге барои истифодабарии одамони зиёд месохтам. Система бояд бехатар ва ба ҳамагуна фишорҳо тобовар мебуд. Ин супориш барои ман нав буд ва вақти зиёдам барои таҳияи чунин система сарф шуд. Хеле хаста ҳам шудам. Аммо хуб гузашт ва баъдан ба ман шартномаи корӣ фиристоданд", -- нақл кард ӯ.

Шартномаи кории барномасози ҷавони тоҷик бо ширкати Гугл бемуҳлат будааст. Меҳрубон Тӯраев мегӯяд, аз ширкатҳои дигар ҳам пешниҳоди ҳамкорӣ гирифтааст, аммо ба хотири реҷаи озоду роҳати корӣ дар Гугл интихоб рӯйи он қарор гирифт.

"Ҳамин тобистон дар Ҷеймс Стрит кор кардам, онҳо шартномаи ҳамкорӣ пешниҳод карданд. Аммо сиёсати ин ширкат чунин аст, ки бояд зиёд кор кунӣ. Гугл ҷоест, ки метавонӣ вақтро барои кори дигар ҳам сарф кунӣ. Он ҷо реҷаи кории муайяне нест, ҳар вақте хоҳӣ меоӣ ва меравӣ, муҳим коратро босифат анҷом диҳӣ. Барои ман ҳамин шакли кор мувофиқ аст, чун фикру нақшаҳои дигаре дорам, ки бояд амалӣ кунам", -- гуфт ӯ.

Кор ва тиме, ки Меҳрубон Тӯраев дар он фаъолият мекунад, аз ҳоло муайян аст: "Ҳар сония дар Гугл чандин миллион одам дархост мефиристад ва траффики зиёд аст. Фаъолияти мо ҳам аз он иборат аст, ки система созем ва назорат кунем, то мушкил пеш наояд."

Меҳрубон мехоҳад, Гугл дар Тоҷикистон намояндагии худро дошта бошад. Ба қавли ӯ, ин метавонад дар тарбияи барномасозони дигар мусоидат кунад. Мегӯяд, дар ин ширкат ҳатман манфиатҳои Тоҷикистонро сарфи назар нахоҳад кард. Нақша дорад, ки дар кори ин ширкати ҷаҳонӣ ягон навгонӣ ворид кунад ва ё маҳсулоти худро пешниҳод намояд.

Google аз ширкатҳои бонуфузи амрикоӣ аст, ки ҳоло дар тобеияти ҳолдинги Alphabet фаъолият дорад. Фаъолияти асосии Гугл ҷустуҷӯи интернетӣ ва таблиғот аст. Гугл ҳамчунин ба истеҳсоли маҳсулоти интернетӣ машғул аст. Ин ширкат ҳамарӯза беш аз миллион серверро дар марказҳои коркарди иттилоъ, идора ва беш аз як миллиард дархостро ҷустуҷӯ мекунад. Даромади солонаи Гугл дар соли 2017 наздики 15 миллиард доллар будааст.

Барномасози ҷавони тоҷик, ки дар озмунҳои байнулмилалӣ беш аз 12 медал гирифтааст, ба оғози кор дар ширкати Гугл як моҳи дигар вақт дорад. Ин фурсатро ҳоло ӯ барои пешниҳоди таҷрибаву дониши худ ба хонандагони мактаби хатмкардааш сарф мекунад. Ба суоли хонандагоне, ки ба барномасозӣ шавқ доранд, посух мегӯяд ва ба онҳо дарси барномасозӣ медиҳад.

Роҳи ягонаи муваффақ шудани ҳар ҷавон ба бовари Меҳрубон Тӯраев омӯхтани илм аст. Ӯ аз чанд ҷавони тоҷик мисол овард, ки ҳоло дар ширкатҳои бонуфузе ба монанди "Амазон", "Яндекс" ва Ҳуавей кор мекунанд.

Ба бовари Меҳрубон Тӯраев, барои тарбияи кадре, ки дар бозори кори ҷаҳонӣ харидори худро пайдо мекунад, мактабҳои Тоҷикистон бояд на ба зоҳиру либоси хонанда, балки фақат ба дониш таваҷҷӯҳ кунанд.

Шарҳҳоро бинед (26)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG