Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳа ба шубҳа. Тоҷикистон метавонад ба ҷои имиҷи мусбат манфӣ бигирад?


Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгар

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Ҳукумати Тоҷикистон гӯё кадом як мукофоти ҷаҳониро мунтазир аст ва онро маҳз барои набудани коронавирус дар кишвар барояш хоҳанд дод. Аз ҳамин ҷост, ки баҳси будан ё набудани ин вабо мисле, ки ҷомеаро ба ду тақсим кардааст: онҳое, ки аз мавқеи ҳукумат дастгирӣ мекунанд (яъне коронавирус дар мо нест) ва ононе, ки ба ин мавқеи ҳукумат бо шубҳа назар мекунанд.

Чанд матлаб пеш ишора доштем, ки ин бӯҳрони ҷаҳонӣ дар ҳақиқат метавонад барои бархе ҳукумату гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба сифати абзори идеологӣ – сиёсӣ хидмат намояд. Он замон ҳадафи мо кишварҳои абарқудрат буд, ки бофтҳои сиёсиву иҷтимоиашон дигаргуна ва танзимшуда аст, на Душанбе.

Ҳукумати Тоҷикистон аз дохили кишвар сахт мутмаин аст ва бовар дорад дар ин ҷо нерӯву шахсиятҳои сиёсии фазосозу таъсиргузор боқӣ намондааст. Агар тарсе ҳаст, аз хориҷ доранд...

Агар таваҷҷӯҳ кардаед, ҳамин шабу рӯзҳо аз номҳои фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба муқобили кадом шахсу гурӯҳҳое матолиби мисли ҳамеша таҳқиромезу дар назар беҳадафу бемаъно

Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори тоҷик, 2 октябри соли 2019
Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори тоҷик, 2 октябри соли 2019

меафзояд. Албатта онҳо доим фаъол буданд. Фақат як муддат, вақте бӯҳрони коронавирус пеш омад, “фабрикаи ҷавоб” ҳам гӯё аз кор монд. Аммо ҳоло на танҳо ба муқобили гурӯҳҳои аллакай одаткарда, ҳатто журналистони ҷавоне мисли Абдулло Ғурбатӣ “маърака” сар намудаанд.

Медонед чаро?

Дар ҳамон матолиби “таҳлилӣ” -ашон, ки аз номи “табиб” - у “омӯзгор” -у “сокини пойтахт” нашр мекунанд, ишораи рӯирост доштанд, ки маҳз ҳамон “гурӯҳҳои ифротӣ” ва “журналистони фурӯхташуда” сабаб шуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба набудани коронавирус дар Тоҷикистон бо шубҳа нигоҳ кунанд ва инак як ҳайати махсуси Созмони ҷаҳонии тандурустиро ба кишвари мо мефиристанд.

Оё масъалаи аслӣ ҳамин аст?

Ин ки дар Ғарб ба назару андеша ва далелҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла журналистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда, онҳоро сарфи назар наменамоянд, ҷои баҳс надорад. Ба вижа, вақте сухан аз кишварҳои баставу нимабастае мисли Тоҷикистон бошад. Журналистон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро ҳам намешавад ба “хиёнат” муттаҳам кард, вақте онҳо рисолати касбиву таъиноти иҷтимоии худро иҷро мекунанд. Вагарна, дар кадом матолиби Абдуллоҳи Ғурбатӣ шумо андешаи ифротиро вохӯрдед? Вақте ӯ рӯзҳои ҳангомаи баландшавии нархи орд аз байни анбӯҳи одамон дар навбатҳо мепурсид, ки “барои чӣ орди зиёдеро харидан мехоҳед?”, ё санҷидан хост, ки дар шароити пандемия тоҷикон омода ҳастанд, ки барои бехатарӣ аз баҳри саломи дастӣ бигзаранд ва барои ин анқариб бо чанде даст ба гиребон ҳам мешуд (он чи ки аз видеоҳои ӯ мисол овардаанд).

Ин як услуби одии журналистист, дар қолаби гузоришҳои “Журналист касбашро иваз мекунад”, ё “Дар худ санҷида”.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам шубҳаҳои худро дар матолиб ва ҳатто саволномаашон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ошкор карда буданд. Онҳо мепурсиданд, ки оё тестҳое, ки аз Русияву Чин ба Тоҷикистон овардаанд, то куҷо боварбахшанд? Агар ташхис дар дохил имконпазир нест, ба хориҷи кишвар онҳоро чӣ гуна мефиристед, дар ҳоле роҳҳо бастаанд? Агар дар мо коронавирус нест, пас чаро фавти одамон аз “пневмония” зиёд шудааст? Оё “пневмония” касалии гузаранда аст, ки мурдаи одамонро намегузоранд ба таври анъанавӣ гӯронанду онҳоро намояндаҳои касалхона кафанпеч мекунанд?

Саволҳое мисли ин мантиқӣ. Ҳар ҷомеае, ки худро демократӣ меҳисобад, бояд омода бошад, ки чунин масъалагузориҳо пеш меояд. Аз ин хотир, ҳукуматҳо худашон ба мардум ҳисобот медиҳанд.

Яъне, саволҳое, ки ҳоло ба мақомоти тоҷик гузошта мешаванд, мебоист ба посухи онҳо барвақт омодагӣ мегирифтанд.

Воқеан, як саволи ҷиддии дигар ин аст, ки 5 моҳе, ки пандемияи коронавирус дунёро фаро гирифту ба гуфти мақомоти тоҷик, дар мо расман сабт нашудааст, бояд ҳукумат омодагии ҷиддии худро мегирифт. Барои ҳамаи гузинаҳо. Ҳоло вақте ба саволҳои одитарин посух гуфта наметавонанду пурсидани онҳоро “хиёнат” номгузорӣ карданӣ мешаванд, пас ба саволҳои сахттаре, ки имкони пеш омаданашон ҳаст, оё посух гуфта метавонанд?

Мисле, ки дар мо ин бӯҳронро аз ибтидо ҷиддӣ нагирифтанд, ё одамони начандон ҷиддӣ масъули ин маърака интихоб гардид. Тасаввур мекунед, ки вазири тандурустии як кишвари пешрафта, вақте аз ӯ сабаби наомадани коронавирусро пурсанду ӯ посух бидиҳад, ки табиати Тоҷикистон ба коронавирус мувофиқ нест, ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ӯ чӣ гуна бархӯрд мекард? Ин дар мо аст,

Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон, 9 феврали соли 2018
Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон, 9 феврали соли 2018

ки фақат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гуна вазир лақаби “географ” медиҳанд. Дар кишварҳои мутамаддин ин гуна вазирро бесалоҳият эълон карда, то истеъфо рафтанаш мардум аз кӯча намерафт!

Ё Академияи илмҳоямонро бигирем, ки дар ибтидо воҳимаи зиёде кард, ки бо мақсади мубориза бо вирусҳо, аз ҷумла коронавирус бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба истеҳсоли гипохлорити натрийи тиббӣ оғоз намуд. Гӯё ихтирооти аср! Дертар бошанд, олимони мо гуфтанд, ки онҳо бо мақсади пешгирии вирусҳо, аз ҷумла навъи COVID-19 дастгоҳҳои истеҳсоли нанозарраҳои нуқра сохта, истеҳсоли оби нуқраро, ки хосияти зиддивирусӣ ва зиддимикробӣ дорад, ба роҳ монданд. Ба гуфтаи онҳо ионҳои нуқра хусусияти муҳофизаткунанда дошта, бактерияҳои патогенӣ, вирусҳо, занбӯруғҳо ва дигар флораи патогенӣ ва зарароварро несту нобуд мекунанд.

Тақрибан ҳамин буд омодагии Тоҷикистон ба бӯҳрони коронавирус. Албатта фаромӯш намекунем, ки як ситод ҳам ташкил карда буданду дар аввал дар сатҳи вазирҳо ва дертар сарвазир ба он роҳбарӣ намуд. Ягона тасмими чашмрасу барои ҷомеа эҳсосшавандаи ин ситод таътил эълон кардани мактабҳост. Ин ки мегӯянд содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба хориҷаро манъ намудаанд, дар гурӯҳҳои таҳлилии ҷиддӣ ин иддаоро бо писханд қабул мекунанд. Вакили парлумон Сайҷаъфар Усмонзода, ки ҳамин шабу рӯзҳо ба гуфтаи худаш зукоми сахт шудааст, дар поёни як матлаби вобаста ба кори ситод ба ҷониби сарвазир саволҳои сахт ҳам гузошт. Шояд Қоҳир Расулзода онҳоро нахонад. Аммо вокуниши ҷомеаи Русияро ҳоло ба як гапи вазири тандурустиаш, ки гуфт ҳукумат ҳамаи имконоташро истифода кардааст, дидед? Ва ин вокуниш самар дод, ҳукумат имрӯз ҳаҷми кӯмак ба одамони карантинро афзуд.

Воқеан, дар бораи карантин, ки дар Тоҷикистон баҳси он ҳам одамонро ба ҷонибдорон ва муқобилон тақсим кардааст. Ҳукумат ҳоло мегӯяд барои карантин зарурат нест, чун дар мо нишонае аз коронавирус нест. Аммо таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ин баҳси

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон

сирф молиявиву иқтисодист, чун ҳукумат чунин имкон надорад. Дар шароити карантин корхонаву тоҷирон аз фаъолият мемонанду андоз намесупоранд, ҳукумат имкони пардохти кӯмакпулӣ ба мардумро надораду хонашинӣ шиддату норозигии иҷтимоиро афзоиш медиҳад...

Аз ҳамин хотир, саволу шубҳаҳои ҳоло гуфташуда,мешавад гуфт чандон мушкил нестанд. Шояд созмонҳои байналмилалӣ чун диданд, ки масъулини Тоҷикистон иқдомоти бисёр содда доштанду ба саволҳои одитарин посухи муносиб надоранд, ҳатман ба шубҳа рафтанд, ки имкон надорад кишваре бо чунин шароит аз бӯҳрони ҷаҳонӣ қафо монда бошад. Пас эҳтимолан саволҳои сахттар дар роҳанд.

Дар ин сурат, идеологҳои ҳукумат, ки шояд мехостанд Тоҷикистонро ба ҷумлаи “кишварҳои тилоӣ” ворид кунанд, оё ба мақсад мерасанд, ё баръакс, мамлакат боз ҳам аз ҷо гирифтанаш дар байни кишварҳои худкомае чун Туркманистону Тонгову Кореяи Шимолӣ имиҷи худро пасттар хоҳад кард? (Ин ки аз 16-17 давлати дигари бе коронавирус ном мебаранд, аслан аз ҷазираву нимҷазираҳо иборатанд, ки ё макони зист нестанд, ё аз ҷои аҳолинишин дуранд.)

Бархӯрди шояд аз коронавирус ҳам сахттар барои ҳукуматҳои худкома ҳамин аст, вақте воқеиятҳояшон ошкор мешавад...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG