Дидани идораҳои холӣ, кӯчаҳои беодам ва мағозаҳои баста дар шаҳрҳо дар саросари ҷаҳон дигар одӣ мешавад. Бо "сироят"-и коронавирус ба иқтисоди ҷаҳонӣ баъзе аз ҳукуматҳо барномаҳои азими кумакӣ қабул мекунанд, то аз оқибатҳои бади эҳтимолии бӯҳрон ба зиндагии мардум ҷилавгирӣ кунанд.
Танҳо дар як ҳафта дар Амрико беш аз 3 миллион кас худро ҳамчун бекор сабт кардаанд. Рақами рекордие, ки фақат соли 1982 дида шудааст.
Бо ин ҳама раиси ҷумҳур Доналд Трамп хушбин аст: "Кишвар мехоҳад, ба кор баргардад. Асли кишвари мо кор аст. Мо кишваре надорем, бигӯем, биёед, ду сол кор накунем. Мо чунин коре карда наметавонем, зеро кишвари мо чунин нест".
Азбаски ихтисори коргарон зиёд мешавад, кумаки нақдӣ ва имтиёзҳои дигар барои бекорон бахше аз барномаи 2 триллион долларӣ аст, ки Конгресс тасвиб кард.
Барои Ян Смиф, ки аз кораш дар фурӯшгоҳи шароб маҳрум шуд, барномаи кумакӣ кофӣ нест. Ӯ гуфт: "Вақте бонкҳову ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва киштиҳои саёҳиро якбора наҷот медиҳанд, вале табақаи коргар, ки ин кишварро нигаҳ медорад ва дар ҷабҳаи аввали ҳар бӯҳрон меистад, кумаки зарурӣ барои зиндагии рӯзмарра намегирад, бисёр таассуфовар ва маъюскунанда аст."
Ҳинд ҳам барномаи тақрибан 23 миллиард долларии ёрӣ қабул кард, то ҳангоми карантини саросарӣ мардум гурусна намонад. Даҳҳо миллион нафар ҳоло муҳтоҷ шудаанд.
Прабҳу Лол Кумар, мардикори ҳиндӣ мегӯяд, "бо пуле, ки рӯзона ба даст меорем, ғизо мехарем. Агар коре набошад, мо чӣ мехӯрем, дар куҷо мехобем. Мо дар инҷо чӣ гуна обу ғизо меёбем."
Дар дигар ҷо, дар Аврупо, Итолиё ва Испониё маркази хуруҷи коронавирус шуданд. Кумисюни Аврупо эълон кард, ки бунёди нав барои мубориза бо оқибатҳои коронавирус таъсис медиҳад.
Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо гуфт, "мо тарҳи сармоягузории 37-миллиардевроиро қабул кардем, то бо ҳифзи кору зиндагӣ ва тиҷорат паёмадҳои бӯҳронро сабуктар кунем."
Ӯ афзуд, ончӣ ки ҳоло мекунанд, барои мардуми зиёде фавқулода муҳим аст, ки оқибатҳои бади хуруҷи коронавирусро эҳсос мекунанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: