Дар Амрико тазоҳуроти омехта ба хушунат ва бо талаби баробарии нажодӣ рӯзи 30-уми май идома ёфт. Марги як марди сиёҳпӯст аз дасти маъмурони сафедпӯсти пулис мардумро ба хашм овардааст, ки эътирозу нофармонӣ ба мақомоти амниятиро идома доданд.
Тазоҳурот аввал осоишта буд, аммо баъд аз он ки эътирозгарон, қуюди шабгардиро нодида гирифтанд, роҳҳоро бастанду мағозаву дӯконҳоро оташ заданд, ба бархӯрд бо маъмурони пулис кашид. Тазоҳурот баъд аз марги Ҷорҷ Флойд дар шаҳри Миннеаполис, дар Ню Йорк, Вашингтон, Атланта, Чикаго ва Лос Анҷелес ва дигар гӯшаҳои Амрико сурат гирифт.
Ҷорҷ Флойди 46-солаи сиёҳпӯстро маъмурони пулис рӯзи 25-уми май дар яке аз кӯчаҳои Миннеаполис дастгир карданд. Дар видеои боздошт дида мешавад, ки чӣ гуна Ҷорҷ Флойд аз пулиси сафедпӯст илтиҷо мекунад, ки зонуяшро аз гарданаш бигирад, зеро нафас гирифта наметавонад. Ӯ ба такрор мегӯяд, ки “ман нафас гирифта наметавонам.” Пулис дар дастони марди сиёҳпӯст завлона мезанад ва барои беҳаракат нигаҳ доштани ӯ сахт гарданашро бо зону зер мекунад.
Садҳо нафар аз тазоҳургарон дар шаҳри Вашингтон дар назди вазорати адлияи Амрико ҷамъ омада, фарёд мекашиданд, ки “ҷони сиёҳпӯстон ҳам муҳим аст” ва “ман нафас гирифта наметавонам.” Бисёре аз онҳо сипас ба назди Кохи Сафед рафтанд ва бо пулис вориди ҷанҷолу муноқиша шуданд. Нерӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурд. Барои таъмини амният дар иёлатҳои Оҳайо, Миссурӣ, Висконсин, Тенеси ва Миннесота нерӯҳои Горди миллии Амрикоро сафарбар карданд.
Сафарбар кардани Горди миллӣ барои таъмини амният
Дар шаҳри Чикаго ҳазорон нафар ду рӯз пайи ҳам тазоҳурот карданд. Баъди боздошти 200 нафар дар шаҳри Ню Йорк дар рӯзи 29-уми май мардум рӯзи 30-уми май низ тазоҳуротро идома доданд. Дар шаҳри Сан Франсиско чанд сад нафар раҳпаймоӣ карданд ва дар шаҳри Сан Диего дар иёлати Калифорния пулис барои пароканда кардани тазоҳургароне, ки вориди идораи пулис шуданд, гази ашковар ба кор бурд. Дар шаҳри Лос Анҷелес тазоҳурот ба хушунат печид, чун эътирозгарон чанд мошини пулисро оташ заданд, шишаҳои мағозаҳоро шикастанд ва болои автобусе баромаданд. Пулис барои рондани тазоҳургарон калтак ва тирҳои резиниро истифода бурд.
Раиси иёлати Миннесота, Тим Волз барои таъмини оромӣ сарбозони Горди миллиро сафарбар кард, чун ба гуфтаи ӯ, исёнгарони бегона, талош доранд, бо истифода аз тазоҳурот дар аёлат ҳарҷу марҷ бапо кунанд. Ӯ гуфт:”Мо таҳти ҳамла қарор дорем ва назм бояд барқарор шавад.”
Раиси ҷумҳур Доналд Трамп сафарбар кардани Горди миллӣ барои таъмини амният дар Миннеаполисро ситоиш кард ва гуфт, бигзоранд, то маъмурони пулис дар Ню Йорк “корашонро кунанд.” Ӯ рӯзи 30-уми май марги Ҷорҷ Флойдро “фоҷиаи бузурге” номид, ки ба қавли Доналд Трамп, кишварро пур аз хашму андӯҳ кард. Айни замон Доналд Трамп гуфт, ҳукуматаш намегузорад, ки тазоҳургарон ба издиҳоми вайронгар табдил шаванд.
Ӯ дар Маркази Кайҳоннавардии Кеннедӣ дар Флорида гуфт: “Издиҳоми хашмгин ҳеҷ гоҳ адолатро ба даст намеорад. Ҳукумати ман пеши роҳи издиҳоми хашмгинро хоҳад гирифт ва онро поён хоҳад дод.” Баъди марги Ҷорҷ Флойд, чаҳор маъмури пулисро аз кор ронданд ва ба зидди афсаре, ки бо зонуяш гардани ӯро мефишурд, бо иттиҳоми қатл парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.