Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтор ба Калисои Ҷомеи Порис осеби мудҳиш расондааст. АКС, ВИДЕО


Шоми 15-уми апрел дар калисои "Нотр Дам" дар шаҳри Порис, ки беш аз 700-сола аст, сӯхтор сар зад. Ин калисо яке аз маҳбубтарин гӯшаҳои сайёҳии Фаронса аст ва солона беш аз 13 миллион нафар аз онҷо боздид мекунанд.

Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, суханронии худро хитоб ба мардуми ин кишвар лағв кардааст.

Як сухангӯи калисо ба хабаргузории "Фаронса" гуфтааст, сохтори чӯбӣ, ки сақфро нигаҳ медошт, дар оташ аз байн рафтааст.

Шаҳрдори Порис дар Твиттер ин сӯхторро "ваҳшатнок" хонда ва навиштааст: "Маъмурони наҷот дар талошанд, то забонаҳои оташро фурӯ нишонанд."

Пулиси пойтахти Фаронса дар Твиттер аз сокинон хост, аз таҷаммуъ дар атрофи калисо худдорӣ кунанд, "то роҳ барои мошини оташнишонҳо боз бошад".

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар Твиттер навиштааст, ки "дидани сӯхтор дар калисои Нотр Дам дар Порис ваҳшатнок аст. Шояд обпошҳои ҳавоӣ битавонанд оташро хомӯш кунанд."

Расонаҳои ҷаҳонӣ аз ҷойи воқеа гузориши зинда пахш мекунанд:

​Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо акси калисоро, ки дар ҳоли сӯхтан аст, нашр намуданд.

Шаҳрдори Порис Анн Идалго изҳор дошт, ки тамоми неруи сӯхторнишонӣ барои пешгирӣ аз паҳн шудани оташ равона шудааст.

Калисои Ҷомеи Порис дар садаҳои XII-XIV бунёд шуда, ин ҳама муддат яке аз ёдгориҳои машҳури Аврупо ва рамзи пойтахти Фаронса ба шумор мерафт ва аз маконҳои маҳбуби ҷаҳонгардон буд.

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG