Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бразилия аз назари талафот аз СОVID-19 ба Амрико наздик шуд


Инҷо гуруҳе аз парасторон дар Бразилия эътироз доранд ва номи он ҳамкоронашонро рӯи қафаси синаи худ гузоштаанд, ки аз бемории COVID-19 ҷон додаанд. Акс аз рӯзи 12-уми май.

Бо суръат гирифтани сирояти коронавирус дар Бразилия ин кишвар аз назари талафот ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико наздиктар шуд, ки теъдоди фавтидагон дар он бештар аз ҳама дар ҷаҳон аст. Айни замон дар баъзе иёлатҳои Амрико, теъдоди гирифторон ва беморони бистарӣ дар шифохонаҳо рӯ ба афзоиш овардааст.

Майкл Райан, яке аз мудирони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 12-уми июн гуфт, ки ҳоло қораи Амрико назар ба дигар гӯшаҳои ҷаҳон бештар аз бемории СОVID-19 ранҷ мекашад ва аз 10 кишваре, ки талафот дар онҳо зиёд аст, чаҳортои он дар Амрикои Шимолӣ ва Амрикои Ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Ӯ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки хуруҷи беморӣ бахусус дар Бразилия нигаронкунанда аст, чун “дар манотиқи сераҳолии кишвар нуқтаҳои доғ возеҳ дида мешавад.”

Ба гуфтаи мақомоти Бразилия, дар кишвар то кунун 828 ҳазор кас ба бемории СОVID-19 гирифтор шудаанд ва 42 ҳазор нафар фавтидаанд. Бо ин талафот, ҳоло Бразилия фақат аз Амрико ақиб мемонад, ки дар онҷо 114 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.

Майкл Райан гуфт, низоми беҳдоштии Бразилия то кунун тавонистааст, ки ба қадри кофӣ беморонро қабул ва муолиҷа кунад, аммо ҳоло шӯъбаҳои эҳёгарӣ дар бемористонҳо то 90 дар сад пур шудаанд ва зери фишори фавқуллода мондаанд дар марҳилаи сахте қарор доранд.

Хабари шуми густариши коронавирус дар Бразилия дар замонест, ки баъзе аз иёлот ва шаҳрҳои иқтисоди азимтарини Амрикои Лотинӣ ба тадриҷ маҳдудиятҳои равуо ва фаъолиятҳои иқтисодиро сабуктар мекунанд. Ҳейр Болсонаро, раиси ҷумҳури Бразилия хатароти коронавирус ба сиҳати мардумро камаҳамият номида, гуфтааст, ки иқтисоди кишвар бояд ба кори маъмулӣ баргардад. Коронавируси нав, ки моҳи декабр дар Чин пайдо шуд, то кунун 425 ҳазор нафарро дар саросари ҷаҳон кушта, ба 7 миллиону 500 ҳазор нафар сироят кардааст. Омор дар бораи бемориро Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико ҷамъ меорад.

Дар Иёлоти Муттаҳида 114 ҳазор нафар ва бештар аз ҳар кишвари дигари дунё ҷон додаанд ва теъдоди мубталоён аз 2 миллион нафар зиёд аст. Бо онки дар баъзе аз иёлатҳо, фаъолиятҳои иқтисод ва ба кори мағозаву дигар муассисаҳо иҷоза доданд, рӯзона то 20 ҳазор мавриди нави сироят дар кишвар сабт мешавад. Ҳарчанд дар умум сироят дар сатҳи кишвар болову поин намеравад, аммо дар баъзе аз иёлатҳо аз афзудани теъдоди беморон ва бистарӣ кардани онҳо дар шифохонаҳо гузориш медиҳанд.

Ҳушдор аз густариши бештар дар Амрико ва бозгашт ба Аврупо

Энтони Фаучи, раиси Пажӯҳишгоҳи Бемориҳои Сироятӣ дар Амрико рӯзи 12-уми июн гуфт, бо бардоштани маҳдудиятҳои гаштугузору фаъолиятҳои иқтисодӣ теъдоди мубталоён ҳам бештар хоҳад шуд. Ӯ гуфт: “Вақте беморони бистарӣ дар шифохонаҳо зиёд мешавад, ин аломати возеҳи он аст, ки шумо ба самти нодуруст ҳаракат мекунед.”

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки тазоҳуроти густурда ба зидди бераҳмии пулис ва нажодпарастӣ дар Амрико метавонад, вирусро дар кишвар бештар паҳн кунад. Дар Аврупо, ки баъди маҳдудиятҳои сахт ба тадриҷ ба зиндагии маъмулӣ бармегардад, сироят ва маргумир дар миқёси каме идома дорад. Рӯзи 15-уми июн чанде аз кишарҳои Аврупо марзҳояшонро ба рӯи дигар аз ҳамсоягони дуру наздики худ дар ин минтақа боз мекунанд.

Тедрос Аданом Гебрейесус гуфтааст, ки бо вуҷуди ақибнишинии вирус дар Аврупо ин минтақа дар баробари беморӣ осебпазир мемонад, чун COVID-19 дар дигар гӯшаҳои дунё суръат мегирад. Ӯ гуфт:”Ҳатто Аврупо амн нест, зеро вирусро метавонанд, дигарбора ба инҷо биёранд.”

Ба гуфтаи вазорати тандурустии Тоҷикистон, теъдоди мубталоёни беморӣ то рӯзи 12-уми июн дар кишвар ба 4902 нафар расид ва аз ин беморӣ 49 нафар фавтидаанд. Аммо бисёриҳо ба омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, сирояту талафот аз коронавирус дар Тоҷикистон ба маротиб зиёд аз он аст, ки мақомот мегӯянд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG