Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се нафари дигар дар Суғд аз илтиҳоби шуш фавтидаанд


Акс аз дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд

Мақомот дар вилояти Суғд рӯзи 28-уми апрел марги се нафари дигарро аз илтиҳоби шуш ё пневмония тасдиқ карданд. Як маврид дар шаҳри Хуҷанд ва ду ҳолати дигар дар ноҳияи Зафаробод сабт шудааст. Сокинон дар бораи омори аз ин бештар суҳбат мекунанд.

Мудири пешини маорифи Хуҷанд аз илтиҳоби шуш фавтид

Акрам Аслонов, сардори Хадамоти давлатии назорати соҳаи маориф дар вилояти Суғд ва мудири пешини идораи маорифи Хуҷанд, рӯзи 27-уми апрел аз бемории илтиҳоби шуш фавтидааст. Ду ҳамкори ӯро ба карантин гирифтаанд.

Дар идораи маорифи вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Аслонови 59-сола ҳафтаи гузашта ба сабаби беморӣ ба кор наомад ва рӯзи душанбе даргуазштааст.

Сайфуллохон Аслонов, муовини мудири идораи маорифи Суғд гуфт: "Аз сафари корӣ аз Истаравшану Исфара баргашта, гуфтанд, ки бемор ҳастанд. Ба кор наомаданд. Ташхис пневмонияи дутарафа нишон додааст. Ба беморхона нарафта, дар хона табобат мекарданд".

Ҳамкоронаш мегӯянд, ӯ бемории қанд низ дошт.

Бархе аз ҳамсуҳбатони мо дар Хуҷанд гуфтанд, чанде аз аъзои хонавода ва ҳамсояҳои Аслоновро ба карантин гирифтаанд, аммо мақомот ҳанӯз инро тасдиқ ё рад накарданд.

Сардухтури бемористони Зафаробод: Зарурате ба тест набуд

Фирдавс Боймуродов, раиси бахши идеология дар ҳукумати Зафарободи вилояти Суғд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари марги ду нафар аз илтиҳоби шуш дар ин ноҳияро таъйид кард.

Боймуродов мегӯяд, "як сокини ҷамоати Меҳнатобод 24-уми апрел ва як сокини шаҳраки Зафаробод 27-уми апрел аз илтиҳоби шуш фавтиданд. Хешовандон ва нафароне, ки бо ин беморон иртибот доштанд, таҳти карантин ҳастанд".

Сардухтури бемористони марказии ноҳияи Зафаробод Алаёр Сафаров дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхис нишон дод, ки ду нафар бемори илтиҳоби шуш буданд. Вай дар посух ба ин суол, ки оё аз онҳо ташхиси бемории ҳамагири КОВИД-19 низ гирифта шудааст, ё не, гуфт: "Зарурати анҷоми тест набуд, зеро акси рентген нишон дод, ки онҳо илтиҳоби шуш доранд. Дар Тоҷикистон коронавирус нест ва зарурати анҷоми тест барои беморон вуҷуд надорад. Ҳоло 19 хешованд ва наздикони ин ду нафар дар карантин мебошанд."

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони ноҳияи Зафаробод дар муроҷиат ба Радиои Озодӣ иддао карданд, ки рӯзҳои ахир чандин сокини ноҳия гӯё аз бемории илтиҳоби шуш фавтидаанд. Онҳо омори расмиро зери шубҳа мегузоранд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Фейсбук навиштаанд, ки барои ёрӣ ба бемористони ноҳияи Зафаробод аз бемористони шаҳри Панҷакент дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ фиристода шудааст.

Кароматуллоев аз чӣ фавтид?

Рӯзи 28-уми апрел дар бораи марги Эҳсонуллохон Кароматуллоев, муовини мудири ширкати "Оби зулол" дар бахши истеҳсол, ки моҳи феврали имсол аз Итолиё баргашта буд, низ хабар расид, вале Саъдӣ Умаров, муовини мудири ширкат гуфт, ӯ аз дарди қалб фавтид.

"Тӯли тақрибан ду моҳи ахир Тоҷикистон бо ҳеч кишвар иртиботи ҳавоӣ надорад. Баъд аз бозгашт Кароматуллоев мисли маъмулӣ сари кор буд. Аммо, ахиран аз бемории қалб фавтиданд ва ҳеҷ иртиботе бо бемории илтиҳоби шуш надоштанд", - гуфт ӯ.

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, санадҳои тиббии шахси фавтидаро дастрас кунад. Султон Султонов, раҳбари осоишгоҳи хусусии "Авис Ситӣ" дар Истаравшан гуфт, ки осоишгоҳ бо реҷаи қаблӣ фаъолият дорад. Аммо ба гуфтаи вай, клиникаи "Авис Сити", ки сохтори дигар аст ва Эҳсонуллохон Кароматуллоев дар он ҷо муолиҷа мегирифт, ба карантин фаро гирифта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар мегӯянд, то ҳол дар миёни сокинони кишвар гирифторӣ ба бемории коронавирус ошкор нашудааст. Аммо фавти пайиҳами сокинон аз илтиҳоби шуш дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон ва Душанбе сокинонро то ҷое нигарон кардааст.

Мақомот мегӯянд, ҷое барои ташвиш нест, чун шумори беморони илтиҳоби шуш дар се моҳи аввли имсол 5023 нафар аст ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 169 маврид камтар аст. Аммо дар бораи фавтидагон ва беморони илтиҳоби шуш дар моҳи апрел омори пурра пешниҳод нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (36)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG