Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Афғонистон 100 Толиби дигарро аз зиндон озод кард


Гурӯҳи дигаре аз Толибонро рӯзи 9-уми апрел озод карданд.
Гурӯҳи дигаре аз Толибонро рӯзи 9-уми апрел озод карданд.

Раёсати амнияти миллии Афғонистон рӯзи 12-уми апрел гуфт, ҳукумат 100 зиндонии Толибро раҳо кардааст. Раёсат гуфт, ки онҳоро рӯзи 11-уми апрел озод кардаанд ва чанд аксеро ҳам дар Твиттер нашр кард. Дар баёнияи расмӣ омадааст, ки ҳангоми озод кардан,вазъи сиҳатӣ, синну сол ва мӯҳлати ҷазои зиндониёни Толибро ба инобат гирифтаанд. Аз рӯзи 8-уми апрел то кунун ҳукумати Афғонистон 300 зиндонии Толибонро раҳо кардааст.

Айни замон Суҳайл Шоҳин, як сухангӯи Толибон гуфт, ки онҳо 20 нафар сарбозу маъмурони ҳукуматиро раҳо карда, дар Қандаҳор ба дасти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх месупорад. Суҳайл Шоҳин рӯзи 12-уми апрел дар Твиттер навишт, “Имрӯз 20 зиндонии ҳукумати Кобул озод хоҳанд шуд”. Ӯ аз ин бештар ҷузъиёте нагуфтааст.

Бар асоси аҳдномае, ки Амрико ва Толибон рӯзи 29-уми феврал дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар имзо карданд, ҳукумати Афғонистон бояд барои эътимодсозӣ ва ё ба даст овардани боварии Толибон 5 ҳазор узви зиндонии гурӯҳро озод кунад. Ҳадафи аҳднома оғози музокироти сулҳ байни ҳукумат ва Толибон ва поён додан ба ҷанги 18-сола аст. Толибон қавл додаанд, 1000 сарбоз ва кормандони идораҳои ҳукуматиро аз асорат озод мекунанд. Дар сурати иҷрои аҳдҳои Толибон нерӯҳои Амрико ва ҳампаймонҳои он дар муддати 14 моҳ аз Афғонистон хориҷ мешаванд.

XS
SM
MD
LG