Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роҳат"-и зиёд. Чаро сару садои мухолифони Раҳмонро мешавад мусбат арзёбӣ кард?


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз 18-уми марти 2020
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз 18-уми марти 2020

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Ин ки президент Раҳмон паёми телевизионӣ дод ва дар маъракаҳои вобаста ба Иди Ғалаба иштирок намуд, танҳо посух ба як савол аст. Ӯ ва дастгоҳҳои таблиғотиаш исбот карданд, ки Президенти Тоҷикистон, он тавре мухолифини хориҷиаш мегуфтанд, ба Олмон ба табобат нарафтааст. Агар дар навору аксҳои нашршуда аз ин маъракаҳо табъи Эмомалӣ Раҳмонро мисли пешин дарнаёфтед, сабаб дорад. Ва он ҳам ҷиддӣ...

Тоҷикистон як давраи мушкилро аз сар мегузаронад. Дуруст, ин майлон тақрибан тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ним сол аст, ки давом дорад. Дар Душанбе то як даҳрӯза пеш назари дигар доштанд. Вазири тандурустии акнун собиқ мегуфт, ки табиати Тоҷикистон ба COVID-19 созгор нест ва метавонад бе воридшавӣ ба ин сарзамин аз он убур кунад.

Ончи ки иттифоқ наафтод ва пешопеши омадани як ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон гардид, ки кишвари мо аз қатори мамолики аз коронавирус орӣ берун мешавад.

Гуфтан мумкин нест, ки президент Раҳмон дар паёми худ бахшида ба 9 май, вақте гуфт “мо чор моҳро дар шароити оромӣ паси сар кардем”, сабабҳои аслии ин “дермонии коронавирус ба Тоҷикистон”-ро шарҳ дод. Вале дар суханронии ӯ чанд иқрори ба назар ҷасурона эҳсос мешуд. Хоса, вақте бори аввал дар ин чанд моҳ таъкид кард, ки моро дар қатори дигарон ояндаи душвор ва норӯшане интизор аст.

Албатта, таъкидҳое мисли ин ки “мо вазъияти аз ин ҳам душворро аз сар гузаронидаем”, дар 28 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон кам садо надодаанд. Ҳатто, вақте моҳи март тамоми дунё роҳҳои бурунрафт аз як бӯҳрони ҷиддиро баррасӣ доштанду дар Хуҷанди мо маъракаҳои пурдабдабаву ба назар пурхарҷи наврӯзӣ сурат мегирифт, боз ҳам ҷумлае мисли ишоракардаи мо зимни суханронии Президенти Тоҷикистон фаромӯш нашуд.

Вале COVID-19 исбот кард, ки ба “суханони зебо ва таъсирбахш” кор надорад, балки амалияи ҷиддӣ мехоҳад. Зеро гап дар бораи як таҳаввулоти ҷиддии дунё меравад ва коршиносон аз қабл гуфта буданд, ки ин бӯҳрон “дунёи дигар” хоҳад сохт. Инро мисле, ки дар мо нодида гирифтанд...

Ҳарчанд президент Раҳмон дар паёми ахираш ҳам таъкид кард, ки “мо барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳоро сафарбар кардаем”, воқеияте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ паҳну пахш мешаванд, аз чизи дигар мегӯянд:

  • ҷой барои табобат кофӣ нест,
  • духтурони касбӣ намерасанд,
  • шароити фанниву физикии беморхонаҳо ба ин бӯҳрон омода нест,
  • шароити иҷтимоии мардум вазнинтар мешавад,
  • манбаи даромади мардум – муҳоҷирони корӣ номаълум то кай мамнӯъ мемонад,
  • одамон бо қарзҳои бонкии худ бояд чӣ кор кунанд, вақте дар бозорҳо кор нест...

Аслан бисёр кам иттифоқ афтодааст, ки раҳбарони кишварҳои ҳатто абарқудрат зимни муҳокимаи бӯҳрони COVID-19 таъбирҳое чун “тамоми шароит ва имкон” -ро истифода намоянд. Зеро ин давра барои дунё чизи нав ва пурмуаммост. Аз ин ҷост, ки раҳбарони кишварҳо ҳамарӯза ва ҳатто як рӯз чанд бор, бо ин ё он паём ва муроҷиат ба мардум, сӯҳбатҳои ихтисосии корӣ бо коршиносону олимон дар маҳзари омм пайдо шуданд, роҳи ҳал ҷӯстанд, мардумро таскин доданд.

Ин Қасри Миллати Душанбе буд, ки бисёр ором менамуд ва маҳз ин ҳолат мухолифони дар хориҷбудаи ҳукуматро барои гуфтани фарзияҳои мухталиф ҷасорат дод. Чанд рӯз ва он ҳам дар рӯзҳои бисёр сахт ҳузур пайдо накардани раҳбарони кишварҳое чун Тоҷикистон, ки матбуот ва шабакаҳои телевизиониашон бе хабаре аз президентҳо тасаввур намудан мумкин нест, наметавонист аз назарҳо пинҳон монад...

Ва инак Раҳмон дар расонаҳо пайдо шуд: паём дод, бархе масоилро иқрор кард, бо президенти чанд кишвар тамоси телефонӣ гирифт, ҳамтоёнаш аз кишварҳои дуру наздик ваъда доданд, ки кӯмаки худро хоҳанд расонд. Расониданду мерасонанд ҳам...

Вале ҷомеаи дохилу хориҷ ҳоло гӯшбақиморанд, ки таъсири ёрдамҳои беруна эҳсосшаванда аст, аммо аз дохил чӣ?

Дар бораи ситоди зери раҳбарии сарвазир Расулзода чизи наве гуфтан душвор аст. Он чи ки буд, дар матолиби қаблӣ зикраш кардем. Чизи нав ҷаласаи ин ситод буд, ки макотиби олии мамлакатро ба таътили тобистона фиристод ва ахиран дар ҷаласаи пас аз паёми президент ба мавзӯи норасоии доруву дармон, арзиши онҳо дар дорухонаҳо дахл кард ва боз ҳам исбот намуд, ки бе таъкиди президент корро ҷиддӣ гирифта наметавонанд. Ҳарчанд ҳоло ҳам маълум нест, ки масоили ҳамоно вуҷуддоштаро бо чӣ роҳе ҳал кардан мехоҳанд.

Зеро фаъолияти ин ситод мисли як созмони низомист, ки шаффофият надорад ва расман ҳам гуфта буданд, ки аз усули кории худ дар расонаҳо нахоҳанд гуфт. Ин маъноеро надорад, ки онҳо дар вазъияти фавқулодда кор мекунанд, ё пешниҳоди вакил Усмонзодаро, ки “Азия плюс” чоп карду эълони “вазъияти низомӣ”-ро талаб менамуд, пазируфта бошанд. Эълони ин ҳолат вазъият ва қоидаҳои ҳуқуқии худро мехоҳад...

Аммо мардум ҳамоно ҳайронанд, ки чаро ҳукумат карантини сартосарӣ эълон намекунд? Дар доираҳои коршиносӣ ин ҳолат баҳои гуногун дорад. Воқеан, аҷиб аст, ки мақомот аз як сӯ барои зудтар рафъ шудани вирус аз мардум мехоҳанд дар хона шинанд, аз сӯи дигар президент талаб мекунад, ки бояд “ҳаёти муқаррарӣ”-ро давом диҳанд ва аз кишту кори саҳроӣ дер намонанд. Парадоксҳои COVID-19 дар Тоҷикистон зиёданд...

Инро чунин фаҳмидан мумкин, ки ҳукумат як барномаи мушаххаси зиддибӯҳронӣ надорад, ё дар ҳайаташ менеҷерҳои ҳамчунин.

Ин ҳам ҳақиқат аст, ки ҳоло хабарҳое пахш нашудаанд, ки мисли кишварҳои дигар аз буҷаи Тоҷикистон барои ин давраи бӯҳронӣ маблағҳое ихтисос ёфтаанд. Истисно танҳо ҳолатест, ки президент Раҳмон барои се моҳ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, аз ҳисоби фонди захиравии худ 12,4 миллион сомонӣ ҷудо намуд.

Ӯ ҳамчунин маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, гузаронид. Аз ин иқдом, тавре матбуоти ҳукуматӣ менависад, раҳбарони шаҳру вилояту ноҳия ва вазорату идораҳои давлатӣ ҷонибдорӣ карда, маоши худро ба ин суратҳисоб мегузаронанд. Маоши онҳоро мардум намедонад чӣ миқдор аст. Танҳо раиси шаҳри Исфара гуфт, ки 2800 сомонӣ маош дорад ва онро ба ин бунёд хоҳад гузаронд. Дар бораи ҳаҷми маблағҳои ҷамъшуда дар ин фонд ҳам иттилое рӯи даст нест...

Дина шаб, агарчӣ муфтии Тоҷикистон, раиси Кумитаи дин ва роҳбари ин идора дар шаҳри Душанбе дар як барномаи телевизионӣ иштирок намуда, аз мардум хостанд, ки фитри рӯза ва закоти мол, ҳатто онҳое, ки имсол натавонистанд ба ҳаҷ бираванд, пули онро ба ин суратҳисоб гузаронанд, аммо мардум шитоб надоранд. Ё имкон надоранд, ё беҳтар медонанд, ки агар хайру кӯмаке мекунанд, бевосита худашон ба касалхонаву ниёзмандон расонанд.

Танҳо соҳибкорони наздик ба ҳукумат, ки аз марҳаматҳо бархӯрдоранд, аз ин маърака мисле, ки қафо намемонанд. Ҳади ақалл ҳоло ду ширкати бузург ба ин суратҳисоб ҳудуди як миллион сомонӣ гузаронидаанд.

Зимнан, мардум то ҳанӯз мепурсанд, ки чаро масалан “Фароз”, ки тақрибан дар ҳамаи бахшҳои Тоҷикистон ҳузури баъзан иҷборӣ дошт, ҳатто дар соҳаи тандурустӣ, аз маъракаи пардохти пул ба суратҳисоби зидди коронавирус худро қафо мекашад? Гап сари масоили ҳуқуқии ин ширкат меравад, ё кӯмакҳои домоди президент Шамсулло Соҳибов ба 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлонро, ки ду рӯз боз расонаҳо таблиғ мекунанд, мешавад ба “Фароз” нисбат дод?

Аз ҷониби дигар, ҳоло рӯшан шудааст, ки ташкили маъракаи кӯмак ҳам шаклгирифта ва бонизом нест. Масалан беҳтар ва таъсирноктар набуд, ки ба ҷои ҷалби соҳибкорону тоҷирон барои пур кардани суратҳисоби ягона, ҳар кадоми онҳоро муваззаф ба як бемористон мекарданд? Оё ин эҳтимоли кам ва ҳатто нест шудани мушкилот дар беморхонаҳоро, ки ҳамарӯза дар бораашон мегӯянд, ба вуҷуд намеовард?

Аммо дар мо шояд ҳамоно мисли давраи СССР фикр мекунанд, ки “сентрализми демократӣ” муҳимтар аст ва “марказгароӣ” усули аслии кор бошад. Яъне бовар ва эътимод танҳо ба як нафар, ё ҳама кор ба хотири ӯ.

Ин василаи корӣ гӯё дар ҷалби кӯмакҳо аз хориҷи кишвар ҳам таъсир расонидааст. Ба ҳар сурат, аз мӯҳтавои матолиби пахшкардаи шабакаҳои телевизионии ҳукуматӣ дар бораи ин ёрдамҳо чунин бармеояд, ки раҳбарони кишвару созмонҳои байналмилалӣ маҳз ба Эмомалӣ Раҳмон бовар кардаву кӯмак мекунанд.

Шояд ин ҳам хуб бошад, ки ақаллан як нафаре дорем, ки ба ӯ дар дохилу хориҷ бовар менамоянд. Вале ин барои як давлат кофист?

Тасаввур намоед, ки агар дар паҳлӯи президент чанд менеҷери кордон ҳам мебуд, оё ин ба манфиати ҳамагон кор намедод? Ё чунинҳо ҳастанду низоми фаъол ба онҳо имкон намедиҳад? Пас чӣ мехоҳанд?

Аз ҷониби дигар, такя ба як кас пайомадҳои дигар ва бисёрии вақт манфӣ ҳам дорад. Масалан, як рӯз Худое нахоста ба ин нафар ҳам дигар бовар тамом шавад, чӣ рӯзҳое хоҳем дошт?

Аз ҳамин ҷост, ки вокуниши мухолифони дар хориҷи кишвар будаи ҳукуматро, ки барои то ҷое фаъол гардидани ҳукумат сабаб шуданд, мешавад то ҷое мусбат арзёбӣ кард. Чун ба марказҳои қабули қарор ҳушдор дод, онҳоро ба ҳаракати каме бештар маҷбур намуд.

Пурсида мешавад, ки агар қувваҳое мисли онҳо ва худҷӯш дар дохил медоштем, барои шаклгирии як давлат муҳим набуд? Зеро аз ҳад зиёд ба худ бовар доштан ва худро “роҳат” (комфорт) эҳсос намудани ҳукуматҳо ҳич гоҳ мусбат набудааст...

Ин ҳам як сабақ аст ва ҷои фикр дорад.

Не?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG