Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти собиқи Косово барои ҷинояти ҷангӣ дар Гаага муҳокима мешавад


Ҳошим Точӣ, президенти собиқи Косово

9-уми ноябр собиқ президенти Косово Ҳошим Точӣ дар аввалин мурофиаҳои додгоҳи Гаага ҳозир мешавад. 

Нахустин ҳузури додгоҳии собиқ президенти Косово Ҳошим Точӣ дар додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Гаага рӯзи 9-уми ноябр сурат мегирад ва раҳбари пешини Косово аз рӯи иттиҳомоти ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият посух хоҳад дод.

Дар изҳороти рӯзи 6-уми ноябри Палатаи ихтисосии Косово дар Додгоҳи байналмилалии Гаага гуфта мешавад, ки “ҳузури нахустини Ҳошим Точӣ дар муҳокимаи боз сурат хоҳад гирифт. Дар нахустин ҳузураш додрас таъмини ҳуқуқи айбдоршаванда, аз ҷумла, ҳузури намояндаи ҳуқуқии ӯро месанҷанд ва суол мекунад, ки "оё сабабҳои ба мурофиа даъват шуданашро мефаҳмад, ё на”.

Точӣ ва ду ҷавобгари дигар аз аъзои собиқи Артиши озодихоҳи Косово шоми 5-уми ноябр ба боздоштгоҳи додгоҳи Гаага интиқол дода шуданд.

Намояндагони додситонии вижаи Гаага гуфтанд, ки субҳи 6-уми ноябр дар Косово бо ёрии полис ва ҳайати Ҳокимияти қонуни Иттиҳоди Аврупо дар Косово амалиёте барпо шуд. Ҷузъиёти ин амалиёт нашр намешавад.

Точӣ, ки солҳои 1998-99 фармондеҳи гурӯҳи шӯришии Косово буд, баъди дарёфти иттилои расмӣ дар бораи ин ки ӯро аз рӯи ҳодисаҳои он солҳо гумонбар медонанд, аз мақоми президенти Косово истеъфо дод.

Парвандаи ӯву гумонбарони дигарро Палатаҳои ихтисосии Косово ва дафтари додситонии ихтисосӣ барои Косово таҳқиқ мекунад, ки дар Гаага созмон дода шудааст.

Вазифаи ин ниҳодҳо санҷидани аъмоли Артиши озодихоҳи Косово дар ҳодисаҳои 22-23 соли пеш аст, ки ба замони истиқлолталабиҳои Косово аз Сербистон бармегардад. Ин тафтишот мутобиқ бо қонунҳои Косово анҷом, вале ба хотири ҳимояти шоҳидон аз озору азият дар Гаага баргузор мешавад. Додситонҳо моҳи июни соли ҷорӣ Точӣ ва дигар гумонбаронро дар он гунаҳгор карданд, ки “барои куштори тахминан 100 нафар” ва “нопадидшавиҳои зӯроварона, таъқиб ва шиканҷа” масъулияти ҷиноӣ доранд.

Дар миёни иттиҳомоти эҳтимолӣ “садҳо қурбонӣ аз миёни албаниҳо, сербҳо, лӯлиҳо ва дигар қавмҳои сокини Косово ва ҳам рақибони сиёсии вақт” ёд мешаванд.

Дар ҷараёни ҷанг барои истиқлолият аз Сербистон он замон 10 ҳазор нафар ҷон дод ва аксари онҳо албаниҳои Косово мебошанд. Ҳанӯз ҳам сарнавишти 1600 тани дигар маълум нест. Ҷангҳо баъди 78 рӯз ва амалиёти ҳавоии НАТО алайҳи Сербистон ба анҷом расид.

Косово, ки дар қаламраваш албанитаборҳои зиёд зиндагӣ мекунанд, соли 2008 истиқлолияти худро аз Сербистон эълон кард ва инро бисёр кишварҳои ғарбӣ эътироф, вале Сербистону муттафиқонаш Русия ва Чин эътироф накарданд.

Қадрӣ Весели, собиқ раиси порлумон ва раиси ҳизби демократии Косово ва Раҷаб Салимӣ, як узви парлумони Косово, ки ба Артиши озодихоҳи Косово шомил буданд, ҳамчунин шоми 5-уми ноябр ба боздоштгоҳи Гаага интиқол ёфтанд.

Якуп Красничи, ҳамчунин як собиқ раиси парлумон ва фармондеҳи ҷангӣ шоми 4-уми ноябр дар як амалиёти вижаи полиси Приштина ва додситонҳои Гаага ба боздоштгоҳ ворид шуданд. Красничи ҳам қарор аст, рӯзи душанбе бори аввал дар додгоҳ ҳозир шавад. Санаи дар мурофиа ҳозир шудани Весели ва Салимӣ дертар маълум мешавад.

Солеҳ Мустафо, яке аз муассисони Артиши озодихоҳи Косово аз рӯи айни ҳамин иттиҳомот ба Гаага интиқол дода шудааст. Ду гумонбари дигар – Насим Ҳарадинаҷ ва Ҳусейн Гукати аллакай дар Гаага ҳастанд, вале иттиҳомоти онҳо ҳанӯз маълум нест.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG