Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон мехоҳанд, барномаҳои "зараровар" барои кӯдакони тоҷикро кам кунанд


Набуди барномаҳои дохилӣ сабаби рӯ овардани кӯдакон ба барномаҳои хориҷӣ дониста мешавад.
Набуди барномаҳои дохилӣ сабаби рӯ овардани кӯдакон ба барномаҳои хориҷӣ дониста мешавад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки пахши барномаҳои телевизионӣ, ки ба инкишофи рӯҳиву равонии кӯдакон таъсир мерасонад, маҳдуд карда шавад.

Ин пешниҳод аз сӯи вакилони Кумитаи равобити байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти порлумон ба лоиҳаи қонуни нав дар бораи телевизиону радио, сурат гирифтааст. Ҳарчанд муаллифони лоиҳа чунин муқарраротро муҳим меҳисобанд, аммо коршиносон бар ин назаранд, ки он наметавонад, пеши роҳи кӯдакони замони муосирро аз тамошои намоишҳои дорои қатлу куштор ва ё фаҳш, бигирад.

Дар моддаи 44-уми ин лоиҳа, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ гардид, пешбинӣ шудааст, аз соати 6-и субҳ то 22-и шаб пахши барномаҳои телевизионие, ки ба инкишофи равонӣ, ахлоқӣ ва маънавии кӯдакону наврасон зарар мерасонанд, манъ аст. Барои баррасии мукаммали тарҳ дар порлумон гурӯҳи корӣ ба шумули вакилон ва намояндагони баъзе созмонҳои журналистию ниҳодҳои давлатӣ, таъсис ёфтааст.

Шаҳло Акобирова, раиси созмони “Хома”, як узви гурӯҳ мегӯяд, аз роҳи маҳдудсозии пахши барномаҳо шояд то ҷое пеши роҳи намошҳое, ки ба рӯҳияи кӯдакон таъсир мерасонад, гирифта шавад, аммо масъалаи асосӣ холигиҳоест, ки дар телевизионҳо ба назар мерасад.

Вақте барномаҳои тоҷикӣ нест...

Ӯ рӯзи 3-юми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкил сари он аст, ки ҳоло бо далели набуди барномаҳои ҷолиб, кӯдакон зери таъсири қаҳрамону барномаҳе мондаанд, ки бар зарари онҳост: “Масъалаи истеҳсоли маводҳои аудиовизуалӣ бисёр дар пояи бад қарор дорад, мо маводи хубу босифат хеле кам дорем, ҳатто қаҳрамонҳои кӯдакона, афсонаҳои кӯдакона қариб надорем, бино бар ин имрӯз бачаҳои мо асосан зери таъсири қаҳрамонҳои афсонаву барномаҳое мондаанд, ки аксари маврид аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ истеҳсол карда мешаванд”.

Муаллифони лоиҳа мегӯянд, ин муқаррарот на танҳо ба барномаҳои телевизионӣ, балки ба ҳар гуна филму намоишномаҳое, ки дар он қатлу куштор ва фаҳш ба назар мерасад, дахл дорад. Дар нусхаи лоиҳа навишта шудааст, ки “телевизионҳо ҳангоми истифода аз маҳсулоти шабакаҳои телевизионии хориҷӣ бояд барои маҳдуд намудани дастрасӣ ба тамошои лаҳзаҳои номатлуби филму барномаҳо бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои ташкили ва техникӣ тадбирҳо андешанд”.

Олимҷон Салимзода, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон, ки аз муаллифони лоиҳа аст, чанде қабл ҳангоми як нишаст дар Душанбе гуфт, банде, ки дар ин санад пешбинӣ намудаанд, ба хотири ҳифзи кӯдакон ва таъсири бад нагузоштани намоишҳои телевизионӣ ба ҳолати равонии онҳост.

Кӯдаконро дағалгуфтор кардаанд

Ин дар ҳолест, ки равоншинос Мадина Эргашова мегӯяд, муқаррароте, ки вакилон пешниҳод кардаанд, наметавонад кӯдаконро пурра аз тамошои саҳнаҳои қатлу куштор ва ё фаҳш дур созад, зеро кӯдакони имрӯз ба дигар воситаҳо, аз ҷумла ба шабакаи Интернет низ дастрасӣ доранд, ки он ҷо ҳар гуна наворро ёфтан мумкин аст. Ӯ рӯзи 3-юми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло аксар намоишҳое, ки тариқи телевизионҳо нишон медиҳанд, ба равони кӯдакон мувофиқ нест: “Ин ба бадхашмиву дағалгуфтории кӯдакон оварда расонидааст, ба зершуури кӯдак таъсир расонидаас. Кӯдак метавонад, хобҳои даҳшатнок бубинад ва амалҳои даҳшатнокро дар рафтори худ такрор кунад”.

Иззатманд Саломов, коршиноси соҳаи телевизион мегӯяд, бо далели набуди барномаҳои ҷолиб, баъзан дар телевизионҳо филмҳоеро нишон медиҳанд, ки дар онҳо саҳнаҳои хушунат, ваҳшат ва қабеҳӣ вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, маҳдудият дар пахши филму барномаҳое, ки ба мафкураи кӯдакон таъсири бад мерасонад, қобили дастгирист, вале бо ҷорӣ намудани чунин иқдом бояд таҳияи барномаҳои ҷолибу касбии ватанӣ дар телевизионҳо бештар шавад.

Талоши вакилон барои маҳдудсозии саҳнаҳои фаҳшу қатлу куштор дар телевизионҳо дар ҳолест, ки пахши наворҳо аз ҳаёти маҳрамонаи афроде дар телевизионҳои давлатӣ борҳо мавриди танқид қарор гирифтааст. Лоиҳаи қонуни нав дар бораи телевизион ва радио, ба қавли огоҳон аз ҷузъиёти ин санад дар муқоиса ба қонуне, ки феълан амал мекунад, дигаргуниҳои зиёде дошта, то ҳудуди 70 фисад аз қонуни ҳозира тафовут дорад. Ҳоло маълум нест, ки онро кай дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул мекунанд.

XS
SM
MD
LG