Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров. Боз як зодрӯз дар маҳбас


Аксе аз Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз соли 2011

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров 66 – солагиашро ҳам дар маҳбас пешвоз мегирад

Аз як хотира сар мекунам. Соли 2004 дар идораи Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мусоҳиба доштем. Пас аз анҷом, вақте маро гусел мекард, ки як масъули дигари ҳизб дар рӯ ба рӯямон пайдо шуду ба шиква оғоз кард. Яъне як нафар аз ҳамҳизбиён маблағҳои барои корҳои ҳизбӣ гирифтаи худро ҳадафнок истифода накардаву бо манфиатҳои шахсиаш масраф кардааст. Искандаров бо таҳаммули ба худ хос ва хандаи зебо посух дод:

- Агар як Тоҷик бо пули мо, ки бигзор бо мақсади дигар гирифтааст, зиндагиашро хуб кард, ман хушбахтам!

Он "хабаркаш", ки ҳаводиси баъдӣ маълум намуд, ҳадафаш аз қаробат бо Искандаров ва ҲДТ танҳо пулу мол будааст, намедонист чӣ бигӯяд...

... Журналист Сафват Бурҳонов борҳо нақл намудааст, ки ҳамеша дар бораи "Тоҷикгаз", ки роҳбариашро то соли 2004 Искандаров ба ӯҳда дошт, матолиби интиқодии сахт менавишт. Ахиран раиси “Тоҷикгаз” ӯро ба утоқи корӣ даъват мекунад ва дуғу пӯписа менамояд. Сафват ҳам паст намефарояд ва ҳақ будани худро исбот ва интиқодро меъёри ҷомеаи демократӣ мехонад. Искандаров аз ҷояш мехезад ва бо ҳамон хандаи самимӣ ва зебо ба оғӯшаш мегираду мегӯяд:

- Ман туро санҷидам. Одамони принсипноку дар мавқеъ устуворро дӯст медорам. Аз ин пас, ҳарчӣ мехоҳӣ, дар бораи ману фаъолиятҳои ман навис! Муҳимаш акнун ман донистам, ки ин ҳама матолибат самимонаву беғаразанд...

Искандаров имрӯз мавлуд дорад. Инак 15-умин зодрӯзашро дар маҳбас пешвоз мегирад. Зодрӯзеро, ки ба Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод рост меояд.

Ҳоло хулоса кардан бисёр душвор аст, ки ӯро ба зиндон чӣ бурд: Ифтихори Тоҷик будан ва аз муваффақияти як Тоҷик кӯдаквор шодӣ карданаш, ё самимонаву содиқона бовар карданаш ба одамону меъёрҳои демократӣ дар Тоҷикистон...

Ба назар мерасад, ки ҳатто дар зиндон аз одамон ин самимияту садоқатро интизор дорад. Агар ба самимияти одамон бовар намекард, чанд соле пеш ба пурсиши як хабарнигор посух медоду ба "балои нав" гирифтор мешуд?

Ин мусоҳиба, ки баъдан бо тақозои дигарон дар матбуот ҳам ба чоп расид, манфиатҳои дигаронро бароварда карду аз сӯи дигар ҳолати бе ин ҳам мушкили Искандаровро вазнинтар...

Аммо ман бовар дорам Искандаров аз касеву чизе гиламанд нест. Ҳамоно бовар дорад, ки як тоҷик, агар ба воситаи ӯ мушкили худро кам кард, мояи хурсандист ва мутмаин аст, ки интиқоду озодгӯӣ дар Тоҷикистон як рӯз меъёр мегардад...

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз шинохте, ки аз ӯ дорам, як шахсияти демократ, озодидӯст ва бештар аз ин дӯсти қадрдону инсони покдилест.

Мавлудашон хуҷаста бод!

Зимнан бароятон аз матни суханони охирини Искандаров дар мурофиаи судиро (дар таърихи 2 октябри соли 2005) пешниҳод мекунам, ки дар матбуоти даврӣ ва расонаҳо то имрӯз нашр нашудаанд ва иттиҳомотеро инкор мекунанд, ки бо онҳо ӯро барои 23 сол ба зиндон равона кардаанд:

“Пас аз имзои Созишномаи сулҳ мо ба Душанбе омадем ва ба корҳои давлатӣ оғоз намудем. Аммо агар он солҳо ҳам, ки вазъият ҳанӯз пурра ба эътидол наомада буд ва гурӯҳҳои норозӣ боқӣ монда буданд, кўмаки низомии мо лозим мешуд, мерафтем ва масъалаҳоро ба манфиати ҳукумат ҳал мекардем. Барои мисол метавонам аз ҳолатҳое ном бубарам, ки ба қазияҳои баамаловардаи Мулло Абдулло, Шайх ва дигарон марбут буданд. Ё проблемаи Раҳмон – гитлер ва Мансур Мукааловро дар соли 2001 мисол меорам. Дигар гурўҳҳои собиқ мухолифин ба ҳамроҳ шудан ва ҳал кардани ин қазия ба манфиати ҷомеа ва ҳукумат розӣ нашуданд. Боз ману Саламшо (Муҳаббатов) ба ин қазия худро ҳамроҳ намудем. Бо ин гурўҳҳо гуфтушунид гузаронидем ва ҳатто ба онҳо ултиматум гузоштем, ки он нафаронеро, ки дар қатл намудани нерӯҳои интизомии мамлакат даст доранд, ба ихтиёри қонун ва ниҳодҳои марбута гузоранд. Ин гуна мисолҳо зиёданд. Аз ин хотир, ман бо дили пур гуфта метавонам, ки аз ман ҳар қадар, ки кўшиш намоянд, террорист ва бандит сохта намешавад!…

***
“Акнун мехоҳам дар бораи норасоиҳое, ки дар вақти тафтишот ба онҳо роҳ дода шудааст, ҳарф занам. Давлат Сақоваров –собиқ ронандаи ман, ки моҳи августи соли 2004, модар ва ҷиянамро ба зодгоҳам – Тоҷикобод мебурду айни ҳол барои амалиёти террористии бинои прокуратура ва шӯъбаи корҳои дохилаи ин ноҳия гумонбар дониста мешавад, баёнот дод, ки замони ба минтақаи Рашт сафар намуданашон як мошини ГАЗ-24 дар роҳ ба онҳо чанд маротиба халал расондааст. Аммо ин факт дар тафтишот умуман қайд нагардидааст. Аз шоҳидии ронандаи прокурори Тоҷикобод бармеояд, ки мошини кории прокурор танҳо ҳамон рўзи ин ҳодиса дар ҷои исти доимиаш - назди бинои прокуратура монда нашудааст. Ҳол он ки мошин ҳамаи рӯзҳои дигар дар ин ҷо монда мешуд. Пас маълум мешавад, ки прокурори ноҳия ба вуҷуд омадани ин ҳодисаро медонист ва аз ин хотир мошинро аз ҷои ҳодиса дур бурд то ба он зарар расонида нашавад. Илова бар ин, ҳангоми сар задани ин воқеа тавре дар мурофиа ронандаи прокурор гуфт, ки мехост аз ҷояш хеста гурезад, прокурор ба ў мегўяд, ки «нахез, ҳозир тамом мешавад». Ин суханони прокурорро чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст? Дарвоқеъ, агар мақсад аз ташкили ин ҳодиса амали террористӣ ва қасд гирифтан аз касе мебуд, чаро нафаре аз ҳамлагарон ба бинои прокуратура ва ШКД надаромад? Ҳол он ки ба онҳо касе муқобилат накард, яъне агар мақсад анҷом додани як амали террористӣ мебуд, чизе ба онҳо монеъ намешуд, ки ин корро то охир ба анҷом расонанд…

***

“Дар охир, мақолаву мусоҳибаҳои худро, ки таи солҳои охир дар матбуот чоп шудаанд ва дар онҳо дар бораи мушкилоти Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи коррупсия сухан меравад, ба суд пешниҳод менамоям. Шояд дар онҳо чизе гуфта бошам, ки ба Прокуратураи генералӣ хуш наомадаанд…."

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG