Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирони тоҷик дар Олмон ва Ҳинду Туркия банд мондаанд


Муроҷиати гурӯҳе аз мусофирони дармондаи тоҷик дар Туркия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:48 0:00

Муроҷиати гурӯҳе аз мусофирони дармондаи тоҷик дар Туркия. Ин навор 22-юми март дар сомонаи Озодӣ нашр шудааст

Бо баста шудани ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус, даҳҳо мусофири тоҷик ҳангоми бозгашт ба ватан дар кишварҳои хориҷӣ банд мондаанд. Баъзеи онҳо ҳанӯз дар фурудгоҳҳо ҳастанд, бархеи дигар дар меҳмонхонаҳо ҷойгир шудаанд.

То кунун мақомоти Тоҷикистон талош карданд гуруҳе аз муҳоҷиронро, ки дар чаҳор фурудгоҳи шаҳри Маскав дармонда буданд, бо ташкили парвозҳои чартерӣ (ғайринақшавӣ) ба ватан баранд.

Мусофироне, ки берун аз ҳавзаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ), бинобар қатъ шудани хатсайрҳои маъмулии парвоз дармондаанд, мегӯянд, бо гузашти ҳар рӯз вазъияти онҳо душвор мешавад. Мақомот тасдиқ мекунанд, ки шумори бештари шаҳрвандон дар Олмону Ҳиндустон ва Туркия ҳастанд.

Фирӯза Ҳайдарова, пизишки тоҷик, чанд рӯз боз мунтазири бозгашт аз Олмон ба Тоҷикистон аст. Вай 27-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 40 нафари дигар бинобар қатъ шудани парвозҳо ба самти Тоҷикистон дар ин кишвари аврупоӣ банд мондаанд.

Шумори гирифторони вирус дар Олмон меафзояд ва тоҷикони бандмонда дар ин кившар мегӯянд, дар вазъияти душворе қарор доранд. Ҳайдарова гуфт, рӯзи 16-уми март бо сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар тамос шуда, вазъиятро фаҳмонданд.

"Онҳо шумораи шаҳрвандонро сабт карда, гуфтанд, ки барои берун бурдан парвози махсус ташкил карда мешавад. Барои пардохтани пули билети ҳавопаймо ва баъди парвоз ба Душанбе нишастан дар карантин омодаем. Аммо вақт рафта истодааст, вале сафорат посухи мушаххас намедиҳад, ки кай ва аз куҷо берун овардани мо шуруъ мешавад. Посухашон якто аст: интизор шавед", - нақл кард ӯ.

Ба қавли пизишки тоҷик, муҳлати раводид ё визаи баъзе аз ҳамроҳонаш ба анҷом расидааст ва бар илова ҳар шаб барои хӯрду хоб дар меҳмонхонаҳо пули зиёд харҷ мекунанд: "Нархи зист дар меҳмонхонаҳои одӣ дар Олмон 25-30 евро дар шабонарӯз аст. Дар миёни мо модаре ҳаст, ки барои ҷарроҳии тифли 5-сола ва хоҳарзодаи 13-солааш омадааст, аммо ҷарроҳӣ анҷом наёфт, чунки пизишк дар карантин аст. Онҳо мунтазиранд, ки ҳар чӣ зуд ба Тоҷикистон баргарданд, чунки барои ҳар рӯзи таъхир онҳоро зарур аст барои хӯрок ва ҷойи зист пул диҳанд."

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар бораи шаҳрвандони бандмонда дар берун иттилоъ доранд ва барои бозгардонидани онҳо "корҳо идома дорад".

Дар раёсати иттилоот ва таҳлили Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "масъалаи ташкили рейсҳои чартерӣ барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷа баррасӣ шуда истодааст".

Ба гуфтаи мақомот, шумори нисбатан бештари шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистон дар Олмону Ҳиндустон ва Туркия ҳастанд.

То ба ҳол ҳудуди 40 нафар аз шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон ба сафорати кишвар дар ин давлат муроҷиат карда, гуфтаанд, мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд.

Шумори тоҷиконе, ки дар шаҳри Истанбули Туркия дармондаанд, беш аз 100 нафар аст.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 19-уми март ҳарими ҳавоии кишварро баста ва хатсайрҳои маъмулии байналмилалиро манъ карданд. Пас аз он танҳо ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба Истанбул парвоз кард, аммо ҳама мусофирон натавонистанд бо он баргарданд. Ҳавопаймои “Сомон Эйр” танҳо шаҳрвандонеро, ки аз он ширкат билет харида буданд, баргардондааст.

Бархе аз мусофирони дармонда гуфтанд, аз ширкати Turkish Airlines чипта доштанд ва ба онҳо пешниҳод шудааст, бо нархи беш аз 6 ҳазор сомонӣ аз нав билет гиранд, ки чунин имкони молиро надоштанд.

Як менеҷери ботаҷрибаи соҳаи ҳавопаймоӣ, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ташкили парвозҳои чартерӣ назар ба хатсайрҳои маъмулӣ ба маротиб гарон аст ва ширкатҳо маҷбуранд хароҷоти худро болои чиптаҳо зам кунанд.

"Дар сурате, ки фарз кардем 40 нафар билет ҳам харанд, нархи парвозро ҷуброн намекунад. Аз ин рӯ, харҷи ин парвозҳои чартериро ё бояд давлат диҳад ва ё сарчашмаи дигари пардохти ин хароҷот бояд ёфта шавад", -- иброз дошт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар як ҳафтаи ахир садҳо нафарро аз Русия ба кишвар баргардонданд ва ҳамаи онҳо дар “карантин” ҳастанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, баъзе аз ин афрод, ки шароит надоштанд, бепул ба кишвар оварда шуданд. Пештар бархе аз муҳоҷирон аз гаронии нархи билети бозгашт шикоят доштанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки аз моҳи феврал то 27-уми март беш аз 5900 нафарро, ки аз хориҷа ба кишвар бозгаштанд, ба карантин фаро гирифтааст. Аз ин шумор беш аз 2000 ҳазор нафар ба хонаҳои худ ҷавоб шуда, 3870 тани дигар ҳанӯз дар карантин ҳастанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (17)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG