Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусе, ки раҳбари Қирғизистон шуд. Низоми адлия тарафдори кист?


Содир Ҷабборов, сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон

Содир Ҷабборов дар фурсати кӯтоҳ аз як зиндонӣ ба мақоми нахуствазири Қирғизистон расид ва зоҳиран низоми адлияи ин кишвар дар масъалаи риояи баробари адолат ақибнишинӣ мекунад.

Додгоҳҳои Қирғизистон дар асл ҳеҷ гоҳ пурра мустақилу бетараф набуданд ва раҳбарони ин кишвар ҳамеша низоми додгустариро барои муҷозоти рақибони сиёсиву матбуот ва журналистони ҷудогона истифода кардаанд. 14-уми октябр, рӯзе, ки вакилони парлумон барои нахуствазир шудани Содир Ҷабборов (Ҷапаров) овоз доданд, ӯ гуфт: “Ман, ба ҳайси нахуствазири ҷумҳурии Қирғизистон ҳақи маънавӣ надорам, ки ба додгоҳҳо, додситонӣ ё муфаттишон таъсиргузор бошам”.

Вале таҳаввулоти баъдӣ ин гуфтаҳоро таҳти шубҳа қарор дод.

ҶАББОРОВ, ДОДГОҲИ ОЛӢ ВА ПАРВАНДАИ СОЛИ 2012

Барои онҳое, ки таҳаввулоти Қирғизистонро давоми чор ҳафтаи ахир пайгирӣ кардаанд, Ҷабборов як зиндоние мебошад, ки дар натиҷаи эътирозу беназмиҳои баъди интихоботи парлумонии 4-уми октябр озод шуд. Ӯ аз августи соли 2017 дар пушти панҷара буд ва азбаски барои одамрабоӣ гунаҳгор шуд, қарор буд то соли 2027 дар зиндон бимонад.

Шоми 6-уми октябр, дар фосилаи камтар аз 24 соати баъди озод кардани Ҷабборов аз зиндон аз миёни 120 вакили парлумони кишвар гуруҳи тахминан 30-нафараи депутатҳо дар ҷаласае дар як меҳмонхонаи Бишкек талош карданд аз ӯ нахуствазири кишвар бисозанд. Дар ин ҷаласа Миктибек Абдилдаев, шахсе, ки ба ҳайси раиси нави маҷлис интихоб шуд, ҳамон замон номзадии Ҷабборовро ба нахуствазирӣ пешбарӣ кард ва гуфт, азбаски Додгоҳи олӣ иттиҳоми одамрабоиро аз парвандаи Ҷабборов пок кардааст, барои ба ин вазифа омадани ӯ монеаи ҳуқуқӣ вуҷуд надорад.

Вале дар асл хеле шубҳанок аст, ки баъди интихобот, дар авҷи беназмиҳову эътирозҳои рӯзи 5-уми октябр Додгоҳи олӣ аз паи бекор кардани ҳукми Ҷабборов шуда бошад. Рӯзи 9-уми октябр додгоҳ сафед шудани Ҷабборовро рад кард, вале, сухангӯи ин ниҳод Чинора Мамитканова дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси аризаи соли 2019-и вакили дифои Ҷабборов дар бораи сафед кардани зерҳимояаш, додрасҳо аризаро қонеъ карда ҳукми қаблии додгоҳро бекор ва парвандаро барои андешидани чораҳои пешаздодгоҳӣ ба Додситонии кулли кишвар фиристоданд.

Рӯзи 19-уми октябр Додгоҳи олӣ Ҷабборов, Қамчибек Тошиев ва Талант Мамитовро аз рӯи иттиҳоми октябри соли 2012 дар бораи “талоши барканории ҳукумат”сафед кард. Ин се нафар он замон ба 18 моҳи зиндон маҳкум шуданд, вале баъди чанд моҳи ҳабс ба озодӣ баромаданд.

БОЗГАШТИ ШАҲРДОРИ БАҲСБАРАНГЕЗ

Рӯзи 7-уми октябр собиқ шаҳрдори Ӯш Мелис Мирзакматов, ки соли 2014 дар сӯиистифода аз мақом ва фасод гумонбар шуду аз кишвар фирор карда буд, ба кишвар баргашт. Ӯро соли 2015 дар ғайбаш ба 7 соли зиндон маҳкум карда буданд. Вале 8-уми октябр як гурӯҳи додрасҳои Додгоҳи олӣ ҳукми зиндони Мелис Мирзакматовро бекор кард ва парвандаро ба бозбинии додгоҳи шаҳри Ӯш фиристод. Ин парванда дар асл шаш рӯз баъд фиристода шуд. Мирзакматов баробари бозгашт ба Ӯш дар ҷамъи тарафдоронаш аз президент Сооронбой Ҷеенбеков пуштибонӣ кард, ки ҳарду аз як минтақа мебошанд.

Ҷеенбеков рӯзи 15-уми октябр расман аз қудрат канор рафт, вале Мирзакматов дар Қирғизистон монд. Зоҳиран, ӯ бовар дорад, ки аз иттиҳомоти додгоҳӣ сафед мешавад.

ҚАЗИЯИ МАТРАИМОВҲО

Ҷабборов то ҳол гуфтааст, ки бо ҷиноятҳои муташаккилона муборизаи беамон мебарад, вале айни замон бархе ба ин бовар ҳастанд, ки чанд ҳафтаи ахир худи ӯ мавриди ҳимояти гуруҳҳои бонуфузи ҷиноӣ қарор гирифтааст.

Рӯзи 20-уми октябр дар Бишкек Раимбек Матраимов боздошт шуд. Матраимов қаҳрамони аслиитаҳқиқоти журналистии бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg буд.
Матраимов дар назди бинои Кумитаи амният буд, ки боздошт шуд, вале базудӣ бо тақозои тарк накардани макони зист ба хонааш баргашт. Раимбек, яке аз се бародарони бонуфузи оилаи Матраимовҳо мебошад. Яке дигар аз ин бародарон – Тилек – рӯзи 7-уми октябр аз ҷониби марзбонҳои Узбекистон бо иттиҳоми талоши убури ғайриқонунии марз боздошт шуд. Тилек Матраимов аз соли 2012 раиси ноҳияи ҷанубии Қаросӯ буд. Ин ноҳия дар марз бо Узбекистон ҷойгир буда, як макони хеле гарми тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Рӯзи 9-уми октябр марзбонҳои узбек ӯро ба дасти мақомоти қирғиз супурданд, вале рӯзи 15-уми октябр ӯ аз боздошт озод ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.​

ОТАМБОЕВ “АФВ” НАШУД

Дар айни замон, ҳамаи аъзои ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон, ки шаби 5 ба 6-уми октябр аз боздошт озод гардиданд, то 10-уми октябр дубора ба зиндон баргардонида шуданд. Танҳо ду нафари онҳо тавонистанд аз кишвар фирор кунанд.

Яке аз онҳое, ки дубора ба зиндон баргашт, Алмосбек Отамбоев, собиқ президенти Қирғизистон буд, ки хеле зуд ба зиндон баргардонида шуд. Рӯзи 26-уми октябр ӯро ба утоқи зеризаминии боздоштгоҳи шаҳри Бишкек интиқол доданд. Вакили дифояш гуфт, батареяи гармидиҳии утоқе, ки Отамбоевро ҷой доданд, танҳо як рӯз пеш аз ин ба кор даромад ва ҳоҷатхонааш аслан кор намекунад. Бархе тарафдорони Отамбоев ҳам боздошт шуданд. Дар миёни онҳо Темирлан Султонбеков ҳам ҳаст, ки барои нақши эҳтимолиашон дар эътирозҳои шаҳри Бишкек дар рӯзи 9-уми октябр ба ҳабс гирифта шуданд. Он рӯз чандин гурӯҳ, аз ҷумла тарафдорони Ҷабборов ҳам дар раҳпаймоии эътирозӣ иштирок карда буданд.

Курсан Асанов, ки дар оғози беназмиҳои 5-уми октябр кӯтоҳмуддат дар мақоми комменданти шаҳри Бишкек ва иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохилӣ ифои вазифа кардааст, рӯзи 10-уми октябр бо гумони мусоидат дар ташкили беназмиҳои рӯзи 9-уми октябр боздошт шуд.​

ТАРАФДОРОНИ ҶАББОРОВ БОЗДОШТ НАШУДАНД

Вале то ҳол ҳеҷ як тарафдори худи Ҷабборов боздошт нашудааст, ҳарчанд ба назар мерасад, маҳз ҳамонҳо дар беназмиҳои 9-уми октябр нақши калидӣ иҷро кардаанд. Ин гурӯҳҳо ба раҳпаймоии эътирозии ҳизбҳои мухолифин дар майдони марказии Ала-Тоо ҳамла карданд ва ин замоне буд, ки чанд рӯз пеш аз ин дар шаҳр ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шуд. Худи Ҷабборов ва тарафдоронаш дар маркази Бишкек пайдо шуда ба сарнагунии бархе мақомоти кишвар садо баланд карданд.​

НАҚШИ КОМИССИЮНИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ

Комиссиюни Марказии интихоботи Қирғизистон солҳои тӯлонӣ аз худ ба унвони як сохтори нармпазир дарак додааст. Масалан, вақте санадҳои ҳизби “Қирғизистон” на аз ҷониби намояндагони расмии он оварда шуданд, комиссиюн дар сабтиноми ҳизб посухи рад дод, вале вақте додгоҳ ин қарорро бекор кард, бе ин ки қарорро ба чолиш бикашад, ҳукми судро иҷро ва ҳизбро ба қайд гирифт.

Айни чунин ҳолат бо ҳизби “Бутун Қирғизистон” рух дод. Ба ин ҳизб бо баҳонаи ин ки феҳристи аввалияи номзадҳои ҳизб бо рӯйхате, ки ба номи Комиссиюни марказии интихоботҳо дода шудааст, мувофиқат намекунад, сабтиноми номзадҳоро рад карданд. Вақте ҳизб ба додгоҳ муроҷиат кард, додгоҳ ба манфиати ҳизб ҳукм баровард. Ин дафъа ҳам Комиссиюни интихоботҳо бечунучаро ба “Бутун Қирғизистон” иҷоза дод, ки вориди рақобати интихоботӣ шавад.

Танҳо дар як ҳолат Комиссиюни интихоботҳо гӯё мустақилияти худро ба намоиш гузошт, вақте рӯзи 26-уми октябр гуфт, ки интихоботи парлумонии Қирғизистон дар моҳи декабр барпо мешавад. Ҷабборов аз ин пеш хост, ки интихобот чанд моҳ баъд, дар соли 2021 баргузор шавад.

Айни замон, раҳбари ҳизби “Ота Макон” Омурбек Текебоев аз салоҳиятҳои вакили парлумониаш, ки соли 2017 ба даст оварда буд, маҳрум шуд. Ӯро дар тақаллуб гунаҳгор карданд. Текебоев талош кард дубора курсии худро ишғол кунад, вале дар қарори 12-уми октябри Комиссиюни интихобот дархости ӯ рад шуд ва дар посухи расмӣ гуфта шуд, ки “дар парлумон ҷои холӣ намондааст”. Рӯзи 14-уми октябр Текебоев бо Ҷабборов мулоқот кард.
Рӯзи баъдаш Комиссиюни интихобот курсии Текебоевро баргардонид, чун қарор ин шуд, ки узви дигари ҳизби “Ота Макон” Содиқ Шерниёз курсиашро тарк бикунад.

Дар Қирғизистон дар ҳолатҳои хеле кам низоми додгустарӣ ва қонун мунсифона кор кардааст, вале маъмулан муҳокимаҳову ҳукмҳои судиро баъди чанд ҳафтаву чандин моҳ интизор шудан лозим меомад.
Вале аз замони сари кор омадани Ҷабборов, ки ҳоло нахуствазир ва иҷрокунандаи мақоми президенти Қирғизистон аст, бисёр чиз тағйир ёфт.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG