Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Сокини Исфара дар марзи Қирғизистон захмӣ шудааст


Марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон
Марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро ба оташкушоӣ ба сӯи сокини Исфара муттаҳам кардаанд. Ин ниҳод гуфтааст, ҳодиса пеш аз зуҳи 27-уми май рух дод. Мақомоти Қирғизистон аз шарҳи ҳодиса худдорӣ карданд.

Идораи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 27-уми май бо нашри як изҳорот гуфт, Соат Бахтибеков, бошандаи ҷамоати Оқсойи Қирғизистон ба сӯи Шукрона Шаропова, як сокини 25-солаи Чоркуҳ тир кушода, “ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст.”

Дар изҳороти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки Шукрона Шаропова дар ҳолати миёнаи вазнин дар беморхонаи шаҳри Исфара бистарӣ аст.

Неруҳои марзбонии Қирғизистон гуфтанд, дар бораи ҳодиса ва шарҳи расмии Тоҷикистон феълан изҳори назар намекунанд. Мақомоти қирғиз гуфтанд, раиси ҷамоаи овулҳо Усарова ба ҷойи ҳодиса рафта ва вазъ феълан ором аст.

Тибқи иттилои дарёфтии хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Соатбек Бахтибеков аз хешовандони нафаре аст, ки дар муноқишаи рӯзи 8-уми май ҷароҳат бардошта буд.

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, мақомоти дахлдори ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Феълан маълум нест, ки шаҳрванди Қирғизистон дар чӣ шароит ба сӯи Шукрона Шаропова, коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии Чоркуҳ оташ кушодааст. Ҳамчунин дақиқ нест, ки шаҳрванди Қирғизистон дар боздошт аст ё не. Неруҳои марзбонии Қирғизистон, ки дар ҳар муноқишаи марзӣ ба таврӣ фаврӣ изҳорот медод, бо гузашти се соат аз ҳодиса то ҳол шарҳе надодааст. Идораи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мисли чанд изҳороти қаблии худ гуфтааст, чунин амалҳо “метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.”

Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон бахусус дар минтақаи Исфара ва Ботканд ҳар моҳ шоҳиди муноқиша миёни сокинони наздимарзӣ мешавад. Дар ҳафта ахир низ дар ин минтақа чанд муноқиша рух дод, ки дар пайи он аз ҳарду тараф марзбонон ва шаҳрвандони оддӣ захм бардоштанд.

XS
SM
MD
LG