Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замин дар аҳди пандемия "нафаси сабук" кашидааст, вале ҳамчунон дар хатар аст


Нерӯгоҳи барқӣ дар Босния ва Ҳерзеговина, ки бо ангишт кор мекунад.

Пандемияи коронавируси нав, ки ҷаҳонро ба қавле "зеру забар" кард, ба ҳадде дар покиза шудани ҳавои курраи Замин, хонаи ягонаи инсонҳо мусоидат кардааст. Ба қавли иқлимшиносон, "кумак" ба ҳадде нест, ки мояи хушҳолӣ бошад ва дуруст аст, он ки бигӯем, дар ин давра инсоният бо суръати сусттаре муҳити зисти худро олуда кардааст.

Як таҳқиқи гуруҳе аз донишмандон нишон додааст, ки ихроҷи гази карбон дар моҳи апрел, ки ҳаракату фаъолият дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон маҳдуд шуд, 17 дар сад камтар шудааст. Гази карбон яке аз газҳои гулхонаӣ ва асосӣ аст, ки дар қабати болоии атмосфера ҷамъ мешавад ва намегузорад, ки гармӣ аз он бигзарад ва ҳамингуна дар гармтар шудани ҳаво дар курраи Замин мусоидат мекунад.

Муаллифони таҳқиқот гуфтаанд, таъсири ин коҳиши партоби гази карбон барои роҳ надодан ба тағйири бештари иқлим мисли “қатрае дар баҳр” аст. Ба тахмини онҳо, мумкин аст, сатҳи олудагӣ дар соли 2020 коҳиш ёбад ва дар муқоиса ба соли 2019 аз 4 то 7 дар сад камтар шавад.

Чунин коҳиши партоби гази карбон аз замони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ то кунун дида нашудааст. Коҳиши 7 дар садӣ замоне муяссар мешавад, ки маҳдудиятҳои сахти гаштугузору фаъолиятҳои иқтисодӣ дар тамоми ҷаҳон ва то охири сол бимонанд, агар ин маҳдудиятҳо зудтар бардошта шаванд, дар он сурат коҳиш 4 дарсадӣ мешавад.

Бар асоси пажӯҳише, ки рӯзи 19-уми май дар маҷаллаи “Nature Climate Change” нашр шуд, моҳи апрел ихроҷи гази карбон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бештар аз 33 дар сад камтар шудааст. Чин, ки бузургтарин ихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон, моҳи феврал ихроҷи гази карбонро дар моҳи феврал тақрибан 25 дар сад камтар кардааст. Ҳинду Аврупо ихроҷи гази карбонро мутаносибан аз 26 то 27 дар садӣ камтар кардаанд.

Коҳиши аз ҳама зиёд аз рӯзи 4-уми апрел то рӯзи 9-уми апрел будааст ва дар ин муддат инсоният ба ҳаво 17 миллион метри мукааб гази карбонро партоб кардааст. Курраи Замин аз соли 2006 то кунун чунин “нафаси сабуктар ва орӣ аз гази карбон” накашидааст.

"Қатрае дар баҳр"

Корин Лекюр, раҳбари муаллифони пажӯҳиш аз Донишгоҳи Инглистони Шарқӣ гуфтааст, агар инсонҳо дигарбора ба ҳамон афзоиши тадриҷии партоби гази карбон дар соли оянда баргарданд, пас коҳиши имсола баробар ба “қатрае дар уқёнус” аст. Ӯ ба хабаргузории Ассосиейтед Пресс гуфтааст: “Коҳиши ихроҷ мисли он аст, ки шумо дар ҳаммом оббозӣ доред ва барои даҳ сония ҷумаки обро мебандед.”

То 30-уми апрел ихроҷи гази карбон, ки то аввали моҳ 3 миллион тонна дар як рӯз буд, ба 3.3 миллион тонна дар як рӯз расидааст. Гази карбон то як аср дар ҳаво мемонад. Мутахассисони дигар, таҳқиқи навро ситоиш кардаанд, ки пажӯҳиши фарогире аст, чун ба қавли он нишон медиҳад, чӣ қадар талош ва иқдомҳои дигар лозим аст, ки пеши роҳи гармшавии хатарноки курраи Замин гирифта шавад.

Майкл Манн, иқлимшиноси Донишгоҳи Давлатии Пенсилвания дар Амрико ба хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс” гуфтааст, пажӯҳиш ҳақиқати соддаеро нишон медиҳад, ки “Фақат рафтори афроди алоҳида моро ба мақсад намерасонад, барои (пешгирӣ аз гармоиш) тағйироти сохтории бунёдӣ зарур аст.”

Муаллифони пажӯҳиш гуфтаанд, агар инсоният бе ҳеҷ гуна пандемия ихроҷи газҳои гӯлхонаиро ҳамингуна барои як даҳсола кам кунад, имкони хубе барои эмин нигаҳ доштани курраи Замин аз болоравии хатарноки 1 дараҷаии ҳарорат дорад. Аммо гуфтаанд, муаллифон ғолибан чунин коҳиш муяссар намешавад.

Корин Лекюр, гуфтааст, агар соли оянда ихроҷи газҳои гӯлхонаӣ ба ҳадди соли 2019 шавад, дар он сурат ҳарорати курраи Замин фақат як сол дертар ба 1 дараҷа боло меравад. Ба гуфтаи донишмандон, мумкин аст, ҳарорати саёраи мо аз соли 2050 то соли 2070 як дараҷа болотар равад, ки оқибатҳои фалокатборе хоҳад дошт ва раҳбарони ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки набояд ба чунин сенарияе иҷоза дод.

Пажӯҳишро гуруҳи байналмилалии Тарҳи Ҷаҳонии Карбон анҷом додаанд, ки ҳар сол гузоришеро дар бораи ҳаҷми гази партобшуда ба ҳаво нашр мекунанд. Гузориши тозаро онҳо бо таҳқиқи омору маълумоти 450 манобеъи иттило доир ба истифодаи энержӣ таҳия кардаанд. Тақрибан нисфе аз коҳиш аз ҳисоби кам шудани ҳаракати нақлиёт ба мисли мошинҳои сабукраву боркаш будааст. Бо вуҷуди аз парвоз мондани ҳавопаймоҳо дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон, саҳми нақлиёти ҳавоӣ дар коҳиши ихроҷи гази карбон фақат 10 дар сад будааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG