Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳандиси тоҷик умедвор аст, нерӯгоҳи ӯ рӯзе хонаҳоро рӯшан мекунад. ВИДЕО


Ба қавли Ҷумъабой Шамсиддинов, нерӯгоҳ метавонад, мутобиқ ба меърёҳои шаҳрсозӣ дар дохили шаҳрҳо ҳам сохта шавад.

Ҷумъабой Шамсиддинов, муҳандиси тоҷик пушти мизи кории худ нишаст ва ба хабарнигори Радиои Озодӣ нақшаи дастгоҳеро нишон дод, ки ба бовари ӯ рӯзе метавонад, қисмате аз нерӯи барқи Тоҷикистонро истеҳсол кунад ва дар пешрафти он саҳм гузорад.

Тарҳи печида ва акси дастгоҳе, ки ӯ нишон дод, тарҳи нерӯгоҳи барқи бодӣ аст. Шояд бисёриҳо бигӯянд, нерӯгоҳи барқи бодӣ, чизи наве, ё ихтирои наве нест ва дар кишварҳои Аврупо фаровон истифода мешаваду хонаҳоро гарм мекунад ва корхонаҳоро мечархонад.

Аммо ихтироъи Ҷумъабой Шамсиддинов дигар аст ва аз нерӯгоҳҳои маъмулии бодӣ фарқ мекунад. Ӯ бо забони соддае ба хабарнигори Радиои Озодӣ кори нерӯгоҳро тасвир кард: “Инҷо бод меояд. Агар аз ин самт бошад, вориди дастгоҳ мешавад ва аз боло мебарояд. Аз ин тараф шамол бошад, худаш самти муқобилро маҳкам мекунад ва ин чархаро тоб медиҳад.”

Муҳандиси тоҷик нерӯгоҳи бодии нав ихтироъ кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Ба таъбири дигар, нерӯгоҳи сохтаи Ҷумъабой Шамсиддино фақат ҳангоми вазидани бод аз ғарб, ё шарқ намечархад, балки бод аз ҳар самт, ки вазид онро мечархонад ва нерӯи барқ ҳосил мекунад. Нерӯгоҳҳои амудии маъмул аксаран вобаста ба вазидани бод аз як самт ҳастанд ва ё онҳоро бояд мутобиқ ба самти чарх дод. Ӯ мегӯяд: “Нерӯгоҳҳои бодии пешина кадом самте, ки бод вазад, ҳамон тараф ҳаракат мекунад. Дигар самт ҳаракат карда наметавонад.”

Муаллиф мегӯяд, ҳамаи роҳҳои такмил ва афзоиши самараи нерӯгоҳҳои бодии амудӣ омӯхта шудааст. Аммо нерӯгоҳи уфуқӣ дар амал татбиқ нашудааст.

Шамсиддинов барои ин тарҳаш соҳиби патент шудааст ва ихтироъашро Ташкилоти патентии Авруосиё низ сабт кардааст. Муҳандиси тоҷик мегӯяд, нерӯгоҳи ӯро метавон дар дохили шаҳрҳо ҳам сохт, коре, ки бо нерӯгоҳҳои амудӣ карда намешавад ва мумкин ҳам нест: “То мисли бинои сирк калон сохтан мумкин аст. Як хусусияташ ин аст, ки зебо аст ва дар шаҳрҳо ҳам сохтан мумкин аст. Сохтани нерӯгоҳҳои бодии голландиро (амудӣ) дар дохили шаҳрҳо мамнуъ эълон карданд”.

Ҷумъабой Шамсиддинов, узви Академияи илмҳои кишоварзӣ аст. Иҷрои тарҳро барои кишварҳои мисли Тоҷикистон муфид медонад ва мегӯяд, иҷрои тарҳи ӯ вобаста ба ҳаҷми нерӯгоҳ метавонад ҳам кам ва ҳам зиёд бошад. Шамсиддинов бовар дорад, ихтирои ӯ рӯзе аз коғаз ба воқеият мегузарад ва хонаҳои шояд яке аз шумо аз ҳамин гуна нерӯгоҳ рӯшану гарм мешавад.

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG