Дар Тоҷикистон озмуне эълон шуд ки барои беҳтарин лоиҳаҳои тиҷоратӣ як миллион сомонӣ сармоя медиҳад. Лоиҳаи StartupStan CUP - аз суи ширкати “55 Групп” ва Клуби соҳибкорони ҷавон моҳи декабри соли гузашта роҳандозӣ шуд ва рӯзи 15-уми январ аз он натиҷагирӣ мекунанд.
Ҳадафи озмун бо хазинаи як миллони сомонӣ ё, сад ҳазор доллари амрикоӣ, сармоягузорӣ ба ҷавононест, ки дар роҳи тиҷорат идеяҳои ҷолиб ва зарфиятҳои инсонӣ доранд.
Start UP- калимаи англисӣ буда маънои оғози якбораро дорад. Аммо дар олами тиҷорат бо ин калима ширкат ва лоиҳаеро мефаҳманд, ки чанде пеш кораш шуруъ шудааст.
Далер Ғуфронов раҳбари лоиҳаи StartupStan CUP, рӯзи 7-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар озмун ба онҳое бартарӣ дода мешавад, ки дар баробари идея тими устувор доранд ва қадамҳои аввалинро барои кушодани тиҷорати худ гузоштаанд.
Ба гуфтаи Ғуфронов, меъёрҳои аслии пирӯзӣ дар озмун пешниҳоди бизнес-план дар самти рушди тиҷорат аз тариқи фанновариҳои навин аст. Чун ба гуфтаи мусоҳиби мо, онҳо талош мекунанд, лоиҳаҳоеро маблағгузорӣ кунанд, ки дар оянда имконияти ҷалби сармояҳои хориҷиро фароҳам карда, муаллифони идея тавонанд тиҷораташонро ба бозорҳои хориҷ аз кишвар ворид кунанд.
"Лоиҳаҳое бартарӣ хоҳанд дошт, ки аз тариқи интернет амалӣ мешаванд. Кушодани мағоза ё тарабхона ҷолиб нест, чун мо ин чизҳоро дорем. То ҳанӯз идеяҳое, ки мубтакирон интизор доштанд, зиёд пешниҳод нашудааст. Озмун барои онҳое ҳаст, ки новобаста ба ин ки ғолиб меоянд ё не, дар кори худ устувор ҳастанд ва бовар доранд, ки муваффақ мешаванд” - гуфт, Далер Ғуфронов.
Як миллион сомонии лоиҳаи “StartupStan CUP” қарз ё гранти кадом як ташкилоти байналмилалӣ набуда, гуруҳе аз моликони ширкати тиҷоратии дохилӣ мепардозанд.
Аввал осон нест...
Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки соҳибкорӣ дар Тоҷикистон давраи мушкилро пушти сар мекунад, эълони чунин озмуну лоиҳаҳо метавонад, барои рӯи кор омадани тиҷоратҳои муосир ва рақобатпазир мусоидат кунад.
Дар кишвар мавридҳои зиёде ба чашм мерасанд, ки соҳибкорони ҷавон бо шуруи тиҷорат наметавонанд, ба молиёти зиёд тоб биёранд ва баъди муфлис ва аз бозор берун мешаванд.
Дар камтарин ҳолатҳо метавон муваффақияти тоҷири ҷавонеро мушоҳида кард, ки тавонистааст, дар баробари ин ҳама мушкилот истодагарӣ кунад ва тиҷораташро рушд диҳад.
Афроде, ки қадамҳои аввал ё Startup-ро пушти сар кардаанд, ҳама гуна эълону дастгириҳоро барои ҷавонони соҳибкорро шонси хубе медонанд. Онҳо мегӯяд, фишор дар ҳама кишварҳои дунё мавҷуд аст, вале чизе, ки камёфт аст, ин сармоя ва идея аст.
Зоҳир Давлатов 26-сол дорад ва 4 сол пеш бо чанд дӯсташ бозори Тоҷикистонро омӯхта, ба ин хулоса расиданд, ки бо идея ва тими қавӣ метавонанд, кори худро дар тиҷорат шуруъ кунанд. Ҳарчанд ба гуфтаи Зоҳир, ворид шудан ба тиҷорат дар Тоҷикистон барои ӯ ва дӯстонаш дар аввал чандон осон набуд.
Онҳо нахуст ба кушодани фурушгоҳи интернетӣ оғоз карданд, вале натавонистанд, бо буҳрони молӣ муқовимат кунанд ва аз ин тиҷорат даст кашиданд.
Баъдан ширкати “Моҳир Инвест групп”-ро таъсис доданд, ки ба хадамоти пешниҳоди машваратҳои тиҷориву ҳуқуқӣ машғул аст. Зоҳир, ки хатмкардаи донишгоҳе дар Туркия аст, мегӯяд, ҳар нафар дар қадамҳои аввал дар тиҷорат бо мушкил рӯ ба рӯ мешавад ва агар воқеан лоиҳаҳое мисли “StartupStan CUP” кӯмак кунад, метавонад, бештар муваффақ шавад.
Ҳашт коргар ва хатмкардаи донишгоҳҳои хориҷӣ
Зоҳир ҳашт коргар дорад ва аксари онҳо ҳам хатмкардаи донишгоҳҳои хориҷӣ ҳастанд. Ширкати онҳо ба ширкатҳои бузург барои содироти молашон ба бозорҳои минтақавию байнулмилалӣ кумак мекунанд.
Вақте соли 2015 мо startup-ро шуруъ кардем, барои мо 100 ҳазор сомонӣ лозим буд, воқеан ба чунин як озмуне ниёз доштем ки барои маблағгузорӣ ба мо кӯмак кунад
“Як миллион сомонӣ дар аввали кор пули кам нест. Вақте соли 2015 мо startup-ро шуруъ кардем, барои мо 100 ҳазор сомонӣ лозим буд, воқеан ба чунин як озмуне ниёз доштем ки барои маблағгузорӣ ба мо кӯмак кунад. Ҳарчанд тиҷорат аз тариқи фанновариҳои навин дар Амрикову Аврупо рушд кардааст, ҳанӯз Тоҷикистон тоза ин корро сар кардааст, аммо осонтарин роҳ барои муваффақ шудан маҳз ҳамин тиҷорат тавассути фановариҳои нав мебошад. Ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳам маҳз стартапро бо камтарин маблағ оғоз кардаанд”- мегӯяд, ӯ.
Афроде, ки мисли Зоҳир тиҷоратро шуруъ карда, қадамҳои худро ба майдони тиҷорати бузург мегузоранд, умед ба кори худ ва саъйу талошро аз роҳҳои аслии расидан ба ҳадаф унвон мекунанд.
Орзуҳои баландпарвозона ва дастнораси ҷавонони тоҷик
Фазлиддин Каримзода, соҳибкори 27-сола мегӯяд, талош дорад, бо роҳандозии як барномаи муосир кори соҳибони ширкатҳои бузургро осон кунад.
Ӯ мегӯяд, барномае, ки барои амали карданаш дар нақша дорад, ба соҳибкор имконият медиҳад, аз низоми классикии ҳисобу китоби харҷу даромад ба шакли нав гузарад ва тавонад ҳисоботҳои молии чанд ширкатро дар як махзан идора кунад.
Зоҳиран ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар як соли ахир ба тарғиби соҳибкорӣ ва боло бурдани маърифати молиявии мардум бештар мароқ зоҳир кардаанд.
Дар чанд соли охир садҳо ширкати хурду миёна, ки ба бизнес сарукор доштанд, бинобар гаронии молиёт ва тафтишҳои батакрори мақомоти давлатӣ, аз бозор берун шуданд.
Мубтакирони лоиҳаи “StartupStan CUP” ба ин боваранд, ки аз тариқи ин озмун ҷавонон лоиҳаҳои худро амалӣ мекунанд ва дар оянда соҳибкори муваффақ мешаванд.
Ғолибан дар Тоҷикистон ҷавонон ба тиҷорати хурду миёна машғуланд ва тиҷорати бузургу соҳиби миллионҳо доллар шудан барои аксарияти онҳо як орзуи дастнорас аст.
Миллионерҳои 16-сола, вале на аз Тоҷикистон
Сафи тоҷирони ҷавони тоҷик ангуштшумор аст. Дар ҳоле ки ҳамсолони онҳо дар ҷаҳон дар ҳисоби худ миллионҳо доллари амрикоӣ доранд ва ба ҷамъоварии он ҳанӯз аз замони наврасӣ шурӯъ кардаанд.
Барои мисол, Шон Белник (Sean Belnick) асосгузори BizChair.com аст, ки нахустин миллион доллари худро дар 16-солагӣ ба даст овардааст. Ӯ дар 14-солагӣ бо 500 доллар фурӯшгоҳи интернетии худро боз намуд.
Microsoft, Google ва Пентагон аз ҷумлаи мизоҷон ва ё муштариёни аслии фурӯшгоҳи интернетии Шонанд. Ин миллионери ҷавон 25 сол дорад ва даромади солонааш ба 60 миллион доллари амрикоӣ баробар аст.
Кэтрин Кук (Catherine Cook), асосгузори MyYearbook.com, миллион доллари аввалини худро дар 15-солагӣ кор кардааст. Ин толибаи амрикоӣ дар қатори даҳгонаи беҳтарин миллионер-ҷавонони ҷаҳон аз рӯи феҳристи маҷаллаи Forbes аст.
Вай соли 2005 бо ҳамроҳи бародари 17-солааш Дэвид албоми интернетии аз ҳама босифат ва беҳтари он замонро ихтироъ кард, ки мактаббачагон онро пазируфтанд ва истифода мебурданд. Нархи ин барнома 20 миллион доллар баровард мешавад.
Дар ҳоле, ки ҷаҳон аз комёбии даҳҳо миллионери ҷавон сӯҳбат мекунад, дар Тоҷикистон дар ин бобат танҳо метавон, чанд ҷавонеро намуна овард, ки онҳо ҳам дар тиҷорати хурду миёна то ҷое пешрафт кардаанд.