Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи дури мактаб дар Фархор духтаронро дучархасавор кард. ВИДЕО


Духтарон ба мактаби рақами дуи Фархор бо дучарха мераванд

Дучархасаворӣ дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ҳанӯз кори писарона дониста мешавад, вале духтарони як деҳа дар Фархор қолабҳои мавҷудро шикаста, бо дучарха ба мактаб мераванд.

Ҳар субҳ ҳавлии мактаби рақами 2-и ноҳияи Фархор пур аз дучархаҳо мешавад. Мактаб дар канори шаҳрак ҷойгир аст ва дурии роҳ писарон ва ҳатто духтаронро дучархасавор кардааст. Саҳнае, ки дар дигар минтақаҳо ҳанӯз ҳам кам дида мешавад, чун духтарон аз нигоҳҳои каҷ хиҷолат мекашанд.

Видеоро инҷо бубинед.

Роҳи дури мактаб духтаронро дар Фархор қолабшикан кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Суман Сулаймонова, ки дар синфи 8-уми ин мактаб мехонад, мегӯяд, “кори мо ҳар субҳ ҳамин аст, чунки роҳ дур аст, мо бо дучарха мактаб меом, то ба дарс дер накунем ва баъди дарс ҳам зуд ба хона бармегардем.”

Бибимариям Раҷабова, хонандаи дигари ин мактаб мегӯяд, бо пои пиёда се километ роҳро то мактаб тай мекард. Ин пиёдаравиҳо ва ба дарс дермондан Раҷабоваро водор кард, ки мисли писарон рондани дучархаро омӯзад. Ҳоло дар баробари ҳамсинфони писараш бо дучарха ба мактаб меояд.

“Ман агар пои пиёда аз хона ба мактаб оям ба дарс дер мемонам. Аз ин рӯ, ба дучарха омада, боз ба дучарха хона гашта меравам. Дар аввал дучарха ронда наметавонистам, ба дарс дер мекардам”,--гуфт ӯ.

Духтарон мегӯянд, дар аввал барояшон миёни писарон рондани дучарха мушкил буд, чун мегуфтанд дучархаронӣ кори духтар нест. Ҳоло бошад, одат карданд ва дучархаронии онҳо дар назари касе ғайриоддӣ нест.

Маъмулан, дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон дучархарониро кори хоси писарону мардон медонанд ва ба дучархаронии духтарону занон монеъ мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG