Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қабристони Қаротегини Душанбе "гӯрҳои махфӣ" нестанд. ВИДЕО


Оромгоҳи "Шоҳмансур"-и маҳаллаи Қаротегин дар Душанбе. 22-юми апрели 2020

Дар ҳоле ки сарусадо дар бораи дафни пайиҳами беш аз 40 нафар дар рӯзҳои ахир дар қабристони маҳаллаи Қаротегини Душанбе паҳн шудааст, мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар оромгоҳ чизи дигарро нишон дод.

Овоза баъд аз нашри як сабти садоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар зад. ​Дар навор шунида мешавад, Ҷалолиддин Абдуҷабборзода (Пиров), сардори шуъбаи назорати милиса дар Додситонии Душанбе, ки ба гуфтаи мақомот аз илтиҳоби шушу зуком фавтид, дар қабристони маҳаллаи Қаротегин дафн шуда, дар ин макон гӯё беш аз чиҳил каси дигарро пайиҳам ва ба ҳамон шева ба хок супурдаанд.

Рӯзи 22-юми апрел хабарнигорони Радиои Озодӣ барои дақиқ кардани вазъ ба оромгоҳи "Шоҳмансур"-и маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбе рафтанд. Дар оромгоҳ қабрҳои зиёде, ки нав канда ва ҷасадҳоро гӯронда бошанд, ба назар нарасид.

Наворро дар инҷо бинед:

"Овозаҳо дар бораи дафни даҳҳо нафар дар Душанбе асосе надоранд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

Ғиёсиддин Рабиев, корманди қабристон, ба Радиои Озодӣ гуфт, сарусадоҳо дар бораи дафни пайиҳами афроди зиёдро шунидааст, "вале ин асос надорад". Рабиев таъкид кард, ки "шумори дафни ҷасадҳо дар ин оромгоҳ чун рӯзҳои маъмулӣ аст".

Қабристони маҳаллаи Қаротегин дар қисмати шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, ҳудуди он 26 гектарро ташкил медиҳад.

Оромгоҳи "Шоҳмансур"
Оромгоҳи "Шоҳмансур"

Овозаи дафни пайиҳами чиҳил нафар дар ин шабу рӯзе, ки ҷаҳон бо бемории ҳамагири КОВИД-19 даст ба гиребон аст ва мақомот вуҷуди онро дар кишвар рад мекунанд, сокинонро нигарон кардааст. Мақомот тасдиқ мекунанд, ки рӯзҳои ахир чанд нафар аз пневмония ё илтиҳоби шуш даргузаштааст, вале он саросарӣ нест ва ба бемории ҳамагир низ рабт надорад.

Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтааст, пизишкон дар Тоҷикистон беш аз 2300 дафъа ташхиси коронавирус гирифтанд, аммо ягон мавриди гирифтории сокинон ба ин беморӣ тасдиқ нашуд.

хиран 18 созмону шахсияти алоҳида ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақозо карданд, ки ба суолҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита ба коронавирус посух диҳад.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аз Вазорати тандурустӣ пурсидаанд, ба тестҳое, ки Тоҷикистон аз Русия ва Чин овардааст то куҷо метавон бовар кард? Ин ниҳод то ҳол ба номаи ҷомеаи шаҳрвандӣ посухи расмӣ надодааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG