Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як бародар "Толиб" дигаре пулис. Шаҳид дар "Қабристони Шаҳидон" кист? ВИДЕО


Шаҳид дар "Қабристони Шаҳидон" кист? Толиб ё пулиси Афғонистон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Дар қабристони “Шаҳидон” дар вилояти Урузгони Афғонистон рӯи як қабр парчами Афғонистон ва руи қабри дигаре, парчами Толибон барафрохта шудааст. Дар як қабр шахсе дафн шудааст, ки сарбози пулис буд ва дар қабри дигаре бародари ӯ, ки дар сафи Толибон меҷангид.

Се бародар инҷо канори ҳам зери хок хобидаанд. Рӯи гури ду тани онҳо парчами давлати Афғонистон ва рӯи гӯри дигарӣ парчами гуруҳи Толибонро барафрохтаанд. Ҳар се дар ду суи мухолифи ҷабҳа ҳудуди ду сол пеш дар ҷанг кушта шудаанд. Танҳо аз ду бародар ҳашт фарзанд бар ҷой мондааст.

Акнун сарпарасту ноновари хонавода Файзулло бародари 18-солаи онҳост.

“Ба онҳо гуфтем, ки дар хона бошанд. Ҳама бародарон ҳастанд, ки ба зидди ҳам ҷангидаанд. Умеди мо ин аст, ки дигарон низ дар хона бошанд. Ҳама фарзандони як модар ва бародарони ҳам ҳастанд. Ҷанг дигар бас аст”,-гуфт ӯ.

Файзулло мегӯяд, бори сарпарастии хонаводаҳои ду бародараш ба шонаҳояш вазнинӣ мекунад.

Ӯ гуфт, “хеле дард мекашам, вақте онҳо зинда буданд, дилам пур аз итминон буд. Вақте аз пешам рафтанд, фикр кардам дилам ҳам шикаст ва бо онҳо рафт”.

Исми инҷо қабристони “Шаҳидон” аст. Тақрибан ҳамаи касоне, ки инҷо дафн шудаанд, ё Толиб будаанд ва ё дар сафи неруҳои давлатӣ хидмат мекарданд. Ҳарчанд дар ду ҷабҳаи мухолиф ва бо ангезаҳои мутаззод меҷангиданд, аммо рӯи санги гӯри ҳамаи онҳо калимаи “шаҳид” навишта шудааст.

Акнун раҳбарони сиёсии ҳарду тараф машғули гуфтугуҳои сулҳ дар Қатар ҳастанд. Чашми умеди Файзулло ба натиҷаҳои музокирот дӯхта шудааст. Музокироте, ки Файзулло орзу дорад, ба ҷанг дар Афғонистон поён диҳаду тазминкунандаи ояндаи нисбатан ором барои ӯ ва фарзандони бародарони фавтидааш бошанд

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG