Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал-майор Абдулло Ҳабибов даргузашт. ВИДЕО


Абдулло Ҳабибов. Акс аз бойгонии Радиио Озодӣ
Абдулло Ҳабибов. Акс аз бойгонии Радиио Озодӣ

Шоми 24-уми апрел муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон, генерали мустаъфӣ, Абдулло Ҳабибов ҳафтае пеш аз расидан ба синни 80 аз олам чашм пӯшид.

Зиндагии генерал Абдулло Ҳабибов бо таърихи навтарини Тоҷикистон пайванд буд. Зода ва парвардаи давраи Шӯравӣ дар охирин солҳои пеш аз фурӯпошии он яке аз раҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ буд.

Дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон аз ҳукумати нав пуштибонӣ намуд ва иҷрои вазифаҳои душвореро дар ниҳодҳои интизомӣ бар дӯш гирифт.

Солҳои зиёд аз қонунгузорони мӯътабари порлумон буд ва баъд аз синни нафақа низ аз саҳнаи кишвар дур нашуд, ҳамчун коршиноси масоили амниятӣ дар баҳсҳои зиёд, аз ҷумла барномаҳои Радиои Озодӣ ширкат меварзид.

Дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд: "Нақши як нафар дар суботу тараққиёти давлат ҳеҷ аст. Лекин ман ҳар қудрату тавоноӣ ва донише, ки доштам, барои давлату миллатам сарф кардам. Дар кадом вазифа ва самте кор накарда бошам, вазифаи худро ҳалол кор кардаам ва агар заррае ҳам барои рушди кишвар саҳм гузошта бошам, хушбахтам."

Соли 2015 ба зидди ӯ бо моддаи 338-и Кодекси ҷиноӣ -- “худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он” парванда боз ва як сол баъдаш қатъ шуд.

Ӯ мехост дар маҳаллаи “Автовокзал"-и шаҳри Душанбе масҷид созад ва мақомот мегуфтанд, ки сокинон зидди ин нақшаи ӯ ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Баҳори соли 2016 бинои ниматамоми масҷид ба моликияти давлат табдил дода шуд.

Абдулло Ҳабибов ёддоштҳои худро ба нашр расонда, ҳамчунин якҷо бо журналист Раҷаби Мирзо корномаи қаҳрамонон ва иштирокдорони Ҷанги Ҷаҳонии Дувумро дар як китоб ба тасвир кашидааст.

Генерал-майор Абдулло Ҳабибов 1-уми майи cоли 1940 дар ноҳияи Мӯъминобод таваллуд шуда, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дар Академияи фанҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав таҳсил кард.

Баъдан ба ҳайси мудири шӯъбаи идеологии Кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, референти калони дастгоҳи Шӯрои вазирони Тоҷикистон, сардори шӯъбаи сиёсии ВКД, Раиси кумитаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, Муовини раиси кумитаи гумрук, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, Мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва вакили мардумии Тоҷикистон кор кардааст.

Навори суҳбат бо Абдулло Ҳабибов аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Генерал Ҳабибов: "То чанде тавонистаам ба миллатам хидмат кардаам!"(муфассал)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:45 0:00
XS
SM
MD
LG