Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон озодии фаврии Далер Шарифовро талаб кард


Далер Шарифов

15 созмону шахсияти алоҳида ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳукми як сол зиндони хабарнигори тоҷик Далер Шарифовро маҳкум карда, аз мақомот озодии ҳарчи зуд ва бе қайду шарти ӯро дархост карданд. Баёния рӯзи 17-уми апрел нашр шуд. ​

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, Далер Шарифов барои фаъолиятҳои рӯзноманигориаш ҳадафи таъқиб қарор гирифтааст: "Журналисти 32-сола аксаран дар мақолаҳояш масоили ҳуқуқи башар ва озодиҳои диниро бозтоб медод ва сиёсати давлатро дар ин замина танқид мекард".

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел Шарифовро бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ (қисми яки моддаи 189-и қонуни ҷиноӣ) як сол аз озодӣ маҳрум кард. Хабарнигори тоҷик охири моҳи январ дастгир шуда буд.

Дар наворе, ки рӯзи 17-уми апрел тавассути саҳифаҳои наздик ба мақомоти Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, Далер Шарифов мегӯяд, танҳо ҳангоми таҳияи китоби "Муҳаммад ва терроризм" дар овардани иқтибос хато кардааст. Маълум нест, ин навор таҳти чӣ шароите ва бо ҳузури киҳо сабт шудааст.

Мақомот мегӯянд, дар китоби "Муҳаммад ва терроризм" аз раҳбарони ҷунбиши "Бародарони мусулмон" иқтибос оварда шудааст, ки паҳну нашри осорашон дар ҳудуди кишвар мамнуъст. Шоҳидон ҳам мегӯянд, додрас асосан аз онҳо дар бораи ин китоб ва рафтори Далер Шарифов пурсидааст.

Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарифов рӯзи панҷшанбе, пас аз эълони ҳукм гуфт, Далер Шарифов феълан қасди шикоят кардан надорад, ҳарчанд гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабиро намепазирад.

Муҳокимаи парвандаи Далер Шарифов дар додгоҳ ду рӯз идома кард. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он ки ба мурофиа хабарнигорону намояндагони созмонҳои иҷтимоиро роҳ надоданд, низ ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ба мурофиаи хабарнигор танҳо вакилони мудофеъ, шоҳидону волидон ва дар рӯзи охирин ду намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони "Перспектива Плюс" роҳ ёфтанду бас.

Тақрибан сӣ нафари дигар, ки дар назди бинои додгоҳ ҷамъ омада буданд, бо ҳадафи, ба гуфтаи мақомот, пешгирӣ аз сирояти коронавирус ва тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар пушти дари мурофиа монданд.

Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷик, рӯзи 28-уми январи имсол аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир шуд. Боздошти журналисти мунтақиди ҳукумат мавриди интиқоди ҷомеаи журналистӣ дар дохилу хориҷи Тоҷикистон гардид.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо хостори озодии Далер Шарифов шуданд. Ин созмонҳову дигар журналистони мустақил боздошти Далер Шарифовро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (23)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG